Давлат
Зоҳир
Давлат — ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеа аст.
Чун ташкилоти сиёсӣ давлат ҳокимияти сиёсиро амалӣ сохта, идораи сиёсиро ба ҷо меорад. Чун ташкилоти таркибӣ давлат аз дастгоҳҳои давлатӣ иборат аст, ки ҳамчун маҷмӯи мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор идоракунии давлатро амалӣ месозад. Давлат ташкилоти ҳудудиест, ки бо мақсади иҷрои корҳои умумӣ дар асоси тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ ва нишонаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, дорои ҳокимияти сиёсии омма буда, функсияи маҷбуркунии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳамбастагии иҷтимоиро дар ҷомеа тадбиқ менамояд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 136
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |