Jump to content

Давлатхон Назаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлатхон Назаров
Давлатхон Қурбонмуродович Назаров
Таърихи таваллуд 10 декабр 1986(1986-12-10) (37 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Хуросон ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ — сиёсатшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо «[[Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон]]» (2018)

Давлатхон Қурбонмуродович Назаров (тав. 10.12.1986, н. Хуросон) — олим, сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ. «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2018).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлатхон Назаров хатмкардаи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2009) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021). Фаъолиятро ба ҳайси ассистент дар кафедраи ҳуқуқи факултети таърих оғоз намуда, солҳои 2012-2018 дар вазифаи мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли 2018 инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Барои фаъолияти бенуқсон ва иштироки фаъолонааш дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва махсусан дар низоми таълиму тадрис ва тадқиқоти илмӣ соли 2013, бо “Ифтихорнома»-и Вазорати маориф (2013) ва 2018 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2018) қадр гардидааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номбурда солҳои 2010-2013 дар шуъбаи аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 2021 рисолаи номзадиро дар мавзуи “Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар низоми сарчашмаҳои танзими ҳуқуқии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст. Самти асосии тадқиқоти ӯ омӯзиши санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар низоми сарчашмаҳои танзими ҳуқуқии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Доир ба мавзуи зикршуда ва паҳлӯҳои гуногуни он як монография бо забони русӣ зери унвони «Международние правовие акти в системе источников трудового права Республики Таджикистан» ва як дастури таълимӣ, бо номи «Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар ҳаммуаллифии Давлатов Ф. Ш., Ҳусейнов А. Қ., Саломов Н. Ҳ.) ба нашр расонидааст.

  • Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастури таълимӣ - методӣ. Д., 2010;
  • Коллективно и индивидуально-договорное регулирование трудових и тесно связанних с ними отношений. Маводи конфронси илмии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2019.