Давлатҳои бостонии мардуми тоҷик
Зоҳир
(Тағйири масир аз Давлатҳои ниёгони халқи тоҷик)
Феҳристи Давлатҳои бостонии мардуми тоҷик
НОМИ ДАВЛАТҲО/ Пойтахт | СУЛОЛАҲО / ШОҲОН | ДАВРАИ МАВҶУДИЯТИ ДАВЛАТДОРӢ | МАВҚЕИ ҶУҒРОФӢ (МАРЗҲО) |
---|---|---|---|
Бохтар, шаҳри Бактра, Бахди (Балх) | Асрҳои IX – VI то милод | Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, Ўзбекистони ҷанубу ғарбӣ, Афғонистони шимолӣ | |
Суғд, шаҳри Мароқанд (Самарқанд); | Асрҳои IX – VI то милод | Водиҳои Зарафшон ва Қашқадарё | |
Хоразм, шаҳри Киат | Асрҳои IX – VI то милод | Ўзбекистони шимолӣ, резишгоҳи Амударё, Қирғизистони ҷанубу ғарбӣ | |
Фарғона (Даван), шаҳри Асхикат | Шоҳ Мугия | Асрҳои II – I то мелод | Фарғона |
Кирпанд | Асрҳои II – I то мелод | Чин (Хитой) – и шимолу ғарбӣ | |
Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо, шаҳри Персеполис | Куруши Кабир – Куруши II (с. 559 – 530 то мелод), Камбизи II (с. 530 – 522 то м.), Дорои I (с. 522 – 486 то м.), Дорои II (c. 423 – 404 то м.) ва диг. | Солҳои 550 – 330 то мелод | Осиёи Хурд ва Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистони шимолӣ, Ҳиндустони шимолу ғарбӣ |
Шоҳаншоҳии Ашконӣ (Порт), шаҳри Нисса | Шоҳаншоҳии сулолаи Ашкониён Аршак (с. 256 то м.) ва диг. | Миёнаи асрҳои III – II то мелод – то с. 224 мелод | Эрони ғарбӣ, Мидия, ғарбиОсиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолӣ |
Юнону Бохтар, шаҳри Бактра, Бохтар (Балх) | Диодот, (с. 256 то м) ва диг. | Солҳои 256 – 120 то мелод | Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ |
Шоҳаншохии Кушониён, шаҳри Пурушапура (Пешовар) | Куджула Кадфиз I Вима Кадфизи II Канишка ва диг. | Асрҳои I – IV мелод | Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон, шимолу ғарбии Чин |
Давлати Сосониён, шаҳри Ктесифон, Шуш | Ардашери Бобакон (с. 224 - 242), Шопури I (с. 242 - 272), Шопури II (с. 309 - 379), Баҳроми Гур (с. 421 – 439), Хусрави I Анушервон (с. 531 – 579), Хусрави Парвиз I (с. 591 – 628) ва диг. | Солҳои 224 – 651 | Эрон, ғарбиОсиёи Марказӣ, Афағонистон, Кавкази ҷанубӣ |
Давлати Ҳайтолиён | Готифар, Хушнавоз, Ахшунвар ва диг. | Аз солҳои 80 – 90 асрҳои IV то VI | Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон |
Ҳукумронии Хилофати Араб дар Хуросону Мовароуннаҳр, шаҳри Димишқ, Бағдод, Нишопур | сулолаи Уммавиён (с. 661 - 750) ва Аббосиён (с. 750 - 1258) | солҳои 715 - 892 | Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон |
Боз нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Давлатҳои сулолаҳои форисзабон (тоҷикон)
- Халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои сулолаҳои турку муғулнажод
- Таърихи Тоҷикистон
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон: Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
- Тоҷикистон:саҳифаҳои таърихи кишвари куҳан. Мураттиб: Саъдиев Ш.С.- Душанбе,2012, с. 27-28
- Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.