Jump to content

Давоии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давоии Самарқандӣ

Давоии Самарқандӣ (форсӣ: دوایی سمرقندی‎), маъруф ба Мул­лобоқии Табиб (қарни XVI — қарни XVII) — шоир ва пизишки форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовилаи давр буд ва махсусан ба илми тиб таваҷҷуҳи хосса дошт ва пас аз омӯхтани нозукиҳои ин илм ба табобат машғул шуд. Дар илми тиб рисолае бо номи «Фавоиди Ҳо­ши­мия» навишта буд. Дар шеъру шоирӣ табъи баланд дош­тааст. Аб­ёти зер намунае аз шеъри ӯст:

Хаданги ғамзаат аз синаам чунон бигзашт,
Ки бар дил омаду пайкони ӯ зи ҷон бигзашт.
Кашидам оҳи ҷигарсӯз ончунон аз дил,
Ки барқи оҳи ман аз авҷи осмон бигзашт...
Агар касе нагузашт, эй парӣ, зи ҷон, аммо
Ҳазор бор барои ту метавон бигзашт.
Ба ҳоли зори Давоӣ тараҳҳуме фармо,
Ки аз барои ту мискин зи хонумон бигзашт.

  • Абибов А. Аз ганҷинаи адабии Ҳисор. Д., 1995.