Давр (мантиқ)
Давр — хатои мантиқие, ки дар ду ҳолат зоҳир мешавад:
- давр дар таъриф, ки онро таърифи давр, гӯянд;
- давр дар бурҳон, ки бурҳони давр, меноманд.
Хатоии навъи якум ҳангоми риоя нашудани яке аз қоидаҳои таъриф, яъне «таъриф набояд давр занад» ба миён меояд. Моҳияти он чунин аст: мафҳуми таърифшаванда тавассути мафҳуми таърифкунанда муайян мешавад, вале мафҳуми таърифкунанда бевосита ё бавосита тавассути мафҳуми таърифшаванда муайян мешавад. Мас., «Мантиқ — илмест, ки тафаккури дурустро меомӯзад, тафаккури дуруст гуфта, тафаккуреро меноманд, ки мувофиқи қонуну қоидаҳои мантиқ сурат гирифтааст». Навъи таърифи давр, тавтология буда, онро бо лотин, «idem per idem» меноманд. Дар ин гуна таъриф мафҳуми таърифшаванда тавассути худаш таъриф мешавад. Мас., «Одами диндор шахсест, ки эътиқоди дин, дорад». Ин қабил хатоиро дар урфият «равғани равғанин» мегӯянд.
Ибни Сино низ дар осори мантиқияш этироз аз хатоии мазкурро таъкид кардааст. Дар «Донишнома» навиштааст: «…чизеро бишносанд ба он чиз, ки ба вай шинохта нашавад, чунонки гӯянд андар ҳадди Офтоб, ки Офтоб он Ситора аст, ки ба рӯз барояд. Пас, Офтобро ба рӯз шиносонанд ва нашояд, ки касе рӯзро бишиносад илло ба Офтоб, зеро ки ба ҳақиқат рӯз он замон бувад, ки Офтоб андар вай баромада бувад. Пас, чун Офтоб мушкил бувад, рӯз мушкил бувад, балки мушкилтар бувад. » (Ибни Сино. Осор, c. 1, - Д. 2005, с. 179. ) Ибни Сино нисбати тавтология таъкид кардааст, ки «чизро ҳам ба худ шиносонанд, чунонки андар замон гӯянд, ки «замон муддати cунбиш аст». Ва муддату замон як чиз бувад ва он касро, ки ҳадди замон мушкил бувад, ҳам ӯро ҳадди муддат мушкил бувад ва пурсидани вай, ки «замон чист?» - пурсидани вай бувад, ки «муддат чист?»» (ҳамон cо, с. 178-179). Мутафаккир дар «Ишорот ва танбеҳот» навиштааст, ки баъзеҳо «Такрори чизе кунанд дар ҳадд, ки бад-он ҳеc ҳоcат набошад ва на зарурате аън, он зарурате, ки дар баъзе таҳдиди мураккабот ва шофиёт уфтад. Мисолаш чунонки гӯянд, ки «Адад касрати муcтамеъ аст аз оҳод» ва муcтамеъ аз оҳод худ нафси касрат аст ва чунонки гӯянд: «Инсон ҳайвони cисмон, аст, нотиқ». Ва cисм дар худ дар ҳадди ҳайвон гирифта бошанд… Ва бидон, ки муаррифоне, ки таърифи чиз бад-он кунанд, ки нашносанд, илло бад-он чиз, дар ҳукми муқаррирони маҳдуд бошанд дар ҳадд» (ҳамон cо, с. 362). Хулоса, ҳангоми таърифи мафҳум бояд мафҳуми дигареро истифода бурд, ки худи он дар навбати худ тавассути мафҳуми аввала таъриф нашавад.
Навъи дигари хатоии мантиқ,, ки бурҳони давр, меноманд (лот. circulus in demonstrando) ба чунин қоидаи бурҳон асос ёфтааст, ки мувофиқи он «далелҳо бояд ҳукме бошанд, ки ҳақ будани онҳо новобаста аз тезис муқаррар гардад». Дар ин гуна бурҳон ба сифати далел қазияе истифода мешавад, ки тавассути тезис исбот шудааст. Мас., мухолифини назарияи гелиосентрии Коперник исбот кардан, буданд, ки Кайҳон бе интиҳо набуда, маҳдуд мебошад. ҳомиёни геосентризм барои исботи мутаноҳ, ва маҳдудияти Кайҳон далел меоварданд, ки дар давоми як шабонарӯз Кайҳон гирди маркази худ, яъне Замин давр мезанад. Дар навбати худ дурустии далели мазкурро тавассути қазияи мутаноҳии Кайҳон исбот мекарданд. Чунки агар Кайҳон беинтиҳо бошад, пас тасаввур кардан мумкин нест, ки вай ч, тавр дар давоми як шабонарӯз гирди маркази худ давр мезанад. Инcо, тезис (фикр оид ба мутаноҳии олам) тавассути далели (даврзании шабонарӯзии олам дар атрофии марказ) исбот шудааст. Лекин, исботи худи далел тавассути тезиси исботшаванда (фикр дар бораи мутаноҳии олам) сурат гирифтааст. Одатан, хатоии мазкур дар муҳокимаҳои кӯтоҳ бо зуд, ошкор мешавад, вале дар бурҳоне, ки силсилаи натиcагириро тақозо менамоянд, пай бурдани чунин хато, душвор аст. бинобар ин, бурҳоне, ки дар он давр ҳаст, ба мақсади худ намерасад.
Ибни Сино нисбати ин гуна хато, фармудааст: «Бинигар, то чизеро бо чизе дуруст накун,, ки он чиз ба вай дуруст хоҳад шудан, чунонки касе гӯяд, ки «далел бар он бар ки нафс намирад, он аст, ки доим коркунанда аст», ва боз чун бипурсад, ки «Чаро доим коркунанда аст?» - гӯяд: «Зеро, ки намирад»» (ҳамон cо, с. 215).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абӯал, ибн Сино. Осор, c. 1, — Душанбе, «Дониш», 2005;
- Сайфуллоев Н. М., Ивлев Ю. В. Мантиқ, Душанбе — 2013;
- Кириллов В. И., Старченко А. А. Логика. М., 2002.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Давр / Н. Сайфуллоев // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.