Jump to content

Дараҷаи консулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дараҷаи консулӣ — рутбаи шахсони мансабдори консулӣ мебошад, ки ба ҳолати хидматии ишголнамудаи онҳо алоқамандӣ дорад. Дараҷаҳои консулӣ ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:

  1. консулҳои генералй;
  2. консулҳо;
  3. ноиб-консулон, агентони консулй.

Дараҷаи консулӣ ба вазъи муассисаҳои консулӣ мувофиқ аст. Дар ин ҷода амалияи давлатҳо ягона мебошад, бо сознши тарафҳо дараҷаи муассисаи консулӣ муайян мегардад, ки аз он дараҷаи сардори он бармеояд. Дигар ҳайати коркунони консулӣ озодона аз ҷониби давлати равонкунанда таънин карда мешаванд. Онҳо дорои классификатсияи байналхалқӣ-ҳуқуқӣ нестанд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 141