Ноиби консул
Jump to navigation
Jump to search
- 1.Ноиби консул - Намояндаи доимӣ дар назди ташкилоти байналмилалӣ - кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд .[1]
- 2.Ноиб-консул - дар ҳуқуқи байналмилалӣ ба ду маънӣ истифода мешавад. Аввал ноиб-консул ифодакунандаи шахси мансабдори давлатӣ мебошад, ки дар шуъбаҳои ноиб-консулхона роҳбариро ба зимма дорад. Баъдан ҳамчун рутба ба намояндаи консулӣ дахл дорад, ки он ифодакунандаи мақомаш дар муассисаи консулӣ мебошад. Тибқи моддаи 9 Конвенсияи Вена «Дар бораи муносибатҳои консулӣ» аз 24 апрели соли 1963 рутбаи консулӣ ба консули генералӣ, консул, ноиб-консул ва агенти консулӣ тақсим мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ноиб-консулхона накушодааст ва дар қаламрави он низ ноиб-консулхонаи кишвари хориҷӣ таъсис дода нашудааст.[2]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Қонуни ҶТ Дар бораи хизмати дипломатӣТоҷикистон . Б.3. Мод. 10. Кормандони хизмати дипломатӣ ва вазифаҳои дипломатӣ
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 533
- Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №6, мод.428;
соли 2008, №6, мод. 448