Jump to content

Дарвеши Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвеши Самарқандӣ

Дарвеши Самарқандӣ (форсӣ: درویش سمرقندی‎, маъруф ба Қозӣ Дарвеш; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шахси таҳсилдида, аз улуми замона бохабар будааст. Дар дарбори ҳокимон ва мансабдорони давраш хидмат карда, касби маош менамуд. Ҳамзамон ва ҳамсуҳбати тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ будааст. Ин ғазал аз ӯст:

Моҳи ман то дар чаман аз рух ниқоб андохта,
Лолаву гулро аз он рӯ дар ҳиҷоб андохта.
Наргиси махмур бар рафъи хумор аз ташнагӣ
Дар бунафшазор худро дар сароб андохта...
Эй парӣ, пурс аз карам ҳоли дили Дарвешро,
З-он ки умре бо сагат аз дил кабоб андохта.