Jump to content

Дарвешмуҳаммад ибни Дӯстмуҳаммади Бухорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвешмуҳаммад ибни Дӯстмуҳаммади Бухорӣ
Таърихи таваллуд: 1567
Навъи фаъолият: хушнавис

Дарвешмуҳаммад ибни Дӯстмуҳаммади Бухороӣ (форсӣ: درویش محمد بن دوست محمد بخاری‎; 1567[1] — ?) — хаттоти форс-тоҷик, назарияпардози ҳусни хат.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Дарвешмуҳаммад ғайр аз зебову хоно навиштани тамоми анвои хатти арабӣ дар назарияи хат ва қонуну қавоиди он бо унвони «Фавоиду-л-хутут» (Фоидаҳои хатҳо, 1807) рисолаи мукаммал таълиф намудааст. Ин рисола аз калонтарин ва боэътимодтарин асарҳоест роҷеъ ба анвои хат, ҳусни хат ва дурустнависӣ. Рисола аз ду қисм иборат буда, дар бахши аввал доир ба таърихи пайдоиши хат, шарҳи ҳоли хаттотон, 14 равиши китобати хатти арабӣ ва таърихи ҳар як равиш бо ваҷҳи тасмияи он сухан меравад. Қисми дуввуми рисола дар хусуси таълими хат ва ҳафт навъи хатти асосӣ: муҳаққақ, сулс, тавқеъ, райҳон, насх, риқоъ, ғубор ва қоидаҳои навишти ин анвои хат маълумоти пурқимат медиҳад. Бахши зиёди рисола (беш аз 43 варақи он) доир ба тарзи навишти ҳарфҳои мунфасилаву муттасила баҳс мекунад. Муаллиф ин мавзӯъро бо забони содаву фасеҳ баён кардааст. Дар рисола нисбат ба дигар анвои хат бештар дар хатти настаълиқу сулс таваққуф менамояд ва қавоиди навишти ин ду навъро ниҳоят хуб ва асоснок собит мекунад. Аз мавзӯъ ва мазмуни рисола бармеояд, ки муаллиф пеш аз офаридани ин асар аз ҳаёту фаъолият ва назариёти хаттотии гузашта (рисолаҳои хаттотии Алӣ ибни Ҳилол (Ибни Баввоб), Миралии Табрезӣ, Султоналии Машҳадӣ ва Миримод) баҳраманд буда, дар таснифи ин асари гаронбаҳо аз онҳо истифода намудааст. Рисолаи Дарвешмуҳаммад бо назму наср буда, қимати бузурги таърихиву илмӣ дорад. Нусхаи комили рисола соли 1807 дар ш. Бухоро аз тарафи Котиб ибни Мирзои Ғазалӣ рӯйи коғази нафиси маҳаллӣ китобат шудааст, ки аз 70 варақ (11,5Х20,5 см) иборат буда, дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии ба номи А. Берунии АИ Узбекистон (таҳти № 1617) маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. فواید الخطوط - ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. wikijoo.ir. 5 июни 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]