Дарвешхон Ғуломҳусейн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Дарвешхон Ғуломҳусейн
Дарвешхон Ғуломҳусейн
Санаи таваллуд

1872

Зодгоҳ

ш. Толиқон

Санаи марг

1927

Касб(ҳо)

навозанда,сароянда

Дарвешхон Ғуломҳусейн (с. тав. 1872-73 Толиқон, с. ваф. 1927 Теҳрон, Дарвешхон писари Ҳоҷӣ Башири Толиқонӣ) — мусиқидон, сароянда, навозанда омӯзгори мусиқӣ, аз саромадони мусиқии Эрон (муосир). Ибтидо асоси мусиқиро аз Люмери франсавӣ (табли хурд, шайпур) дар мактаби мусиқии низомии Теҳрон омӯхта, сониян назди устоди мусиқӣ Ҳусейнқулихон сеторнавозиро андӯхта аз беҳтарин навозандагони ин соз буд. Тавассути Камолулсалтана (падари Абӯлҳасани Сабо) бо Шуҷоъулсалтана (писари Музаффариддиншоҳ) шинос шуда ба Шероз рафт. Баъди низоъ ба Шуҷоъулсалтана ба Теҳрон баргашта, клосҳои хусусии сеторнавозӣ таъсис дода, зумраи зиёди навозандагонро тарбия намуда, ба шогирдони беҳтаринаш камарбандҳои хоса инъом менамуд. Бо Орифи Қазвинӣ шинос шуда ва ба самти роҳбари оркестри созҳои миллӣ расида, консертҳои зиёде орост Дарвешхон Ғуломҳусейн дар жанру шаклҳои созию овозӣ «даромад», «пешдаромад», «тасниф», «ранг»-ҳои ҷолибу рангомези мусиқӣ сохта, махсусан «Ранги Исфаҳон», «Марши Ҷумҳурӣ», «Оҳанги рақс» ва силсилаҳои созӣ барои созҳои мусиқӣ эҷод кардааст. Ӯ бо ҳамроҳии Ҳабибулло Шаҳрдор, Ҳангофарин, Акбархони Нойӣ, Тоҳирзода ва диг. барои сабти грамофонӣ ба Аврупо сафар намуда, корҳои зиёде дар бахши сабти мусиқии суннатии Эрон анҷом медиҳад. Сафари дуввумаш ба Аврупо бо ҳамроҳии Боқирхон, То-ҳирзода, Давомӣ барои иҷрои консерт сурат гирифт. Дар ҷумҳуриҳои Қафқоз (Боку Тифлис) ҳам бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Адабиёт[вироиш]

Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.2, Теҳ-рон, 1376; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376; Шаъбонӣ А. Аз Куруш то Паҳлавӣ, Шероз, 1346; Энсиклопедияи адабиёти ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 59 ISBN 978-99947-49-13-3