Jump to content

Дарвеш Абдии Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвеш Абдии Бухороӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1648
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: хушнавис

Дарвеш Абдии Бухороӣ (форсӣ: درویش عبدی بخارایی[1], номи аслиаш Сайид Мир Абдуллоҳи Ҳусайни Бухороӣ; ? — 1648, Мадина) — хушнавис ва музаҳҳиби форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нозукиҳои хатти настаълиқро дар Исфаҳон аз хушнависи машҳури замон Миримод омӯхтааст. Бо фармони садри аъзам Муҳаммадпошо Дарвеш Абдии Бухороӣ тарҷумаи манзуми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба забони туркиро дар муддати 4 сол китобат, наққошӣ ва тазҳиб кардааст (1621). Ин китоб ҳоло бо андозаи 37,5 х 45 (33 х 47) см ва 591 саҳифа дар шуъбаи нусхаҳои туркии Китобхонаи оммавии Ню-Йорк маҳфуз мебошад. Дарвеш Абдии Бухороӣ дар Истанбул шогирди бисёр дошт, ки маъруфтарини онҳо Нуриддин Маҳмуди Тӯпхонаӣ мебошад. Аз осори дигари Дарвеш Абдии Бухороӣ то замони мо ҳамчунин як нусхаи «Маснавии маънавӣ» ба хатти настаълиқ (китобаташ, 1026), қитъаҳои пароканда ва мактубе ба унвонии Султон Бурҳонуддин Афандӣ боқӣ мондаанд, ки дар Осорхонаи осори турк ва ислом маҳфузанд.

  1. درویش عبدی بخارایی. دایرة المعارف اسلامی.