Jump to content

Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ
Зодгоҳ
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) мусиқидон

Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ (форсӣ: درویش بزغاله سمرقندی‎; қарни XVII) — мусиқидон, навозанда ва хонандаи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар гузари Сӯзангарони Самарқанд таваллуд шудааст. Мувофиқи маълумоти Дарвешалии Чангӣ, ки дар асари «Туҳфату-с-сурур» зикр гардидааст, Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ дар сарояндагӣ сабки хос дошта, авҷҳои мураккабро баъзан шадид иҷро намуда, вобаста ба сабки иҷрояш ифодаҳои тоза офаридааст ва бинобар шадидхониаш ба ӯ «бузғолахонӣ» ном додаанд. Дар жанру шаклҳои «савт», «амал», «нақш», «талқин» ба мақомҳои «Ушшоқ», «Наво», «Ҳусайнӣ», «Ироқ» ва ғайра корҳои зиёди ҳунариро анҷом дода, ба ашъори Мавлоно Қосими Коҳии (Кӯҳӣ) Суғдии Самарқандӣ силсилаи «савт», «амал», «нақш»-ҳои ҷолиб тасниф кардааст. Табъи хуби шеъргӯӣ дошта, бо тахаллуси «Дарвешӣ» ғазалу рубоӣ, қитъаҳои мавзун гуфтаааст, дар маҳфилҳои адабию ҳунарӣ мавриди назари аҳли шеъру мусиқӣ будааст. Бино бар гузориши Дарвешалии Чангӣ Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ марди озодандешу ростравон, зарифтабъу ашрофманиш будааст. Мадфанаш дар қабристони Хоҷа Абдуи Даруни Самарқанд воқеъ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]