Дарвеш Мақсуд
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1465 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1565 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Дарвеш Мақсуд (форсӣ: درویش مقصود; 1465, Бухоро — 1565, ҳамон ҷо) — шоир ва нависандаи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз аҳли ҳунар буда, муддате дар Ҳирот низ зистааст. Дарвеш Мақсуд бо Нисорӣ ва атрофиёни ӯ робитаҳои ҳасана дошта, дар маҷлисҳои онҳо ширкат меварзидааст. Дар «Музаккиру-л-аҳбоб» оварда шудааст, ки Дарвеш Мақсуд дар шеъргӯӣ маҳорат дошт ва нозукиҳои шеърро ба хубӣ пай мебурдааст. Ӯ латифаро хуб мегуфтааст. Дар латифҳояш, ки то ба мо расидаанд, носозиҳои замон ва ашхоси алоҳида фош шудаанд.
Ин абёт аз ӯст:
Эй дил, ғами ёру нолаи зор хуш аст,
Хуни ҷигару дидаи хунбор хуш аст.
Ғайр аз ғами ёр ҳар чӣ ҳосил кардем,
Ҳосил ҳама ҳеч асту ғами ёр хуш аст!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дарвеш Мақсуд / У. Назиров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.