Даромади буҷаи давлатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Даромади буҷаи давлатӣ — маҷмӯи пардохтҳои пулие, ки аз ҷониби шахсони юридикӣ ва воқеӣ вобаста аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории молия ба буҷаҳои дахлдори давлатӣ гузаронида мешаванд. ДБД-ро вобаста аз аломатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тартиб ва шартҳои пардохти онҳо ва аз ҷнҳати шакли ҳуқуқӣ ба намудҳои гуногун тақсим мекунанд. ДБД бо аломатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиаш аз даромадҳои фаъолияти иқтисодӣ, фаъолияти берунан иқтисодӣ, аз даромадҳои хусусигардонии амволи давлатӣ ва ғайраҳо иборат аст. Мувофиқи тартиб ва шартҳои пардохти ДБД бошад, онро ба даромадҳои мустаҳкамкардашуда, батанзим дароваранда, дотатсия, субвенсия ва маблағҳои худӣ ва қарзӣ ҷудо менамоянд. Аз рӯи аломати шакли ҳуқуқӣ ДБД ба даромадҳои андоз ва ғайри андоз (боҷу хироҷ) тақсим мешаванд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 142