Дарункошти маснӯъӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бордоркунии сунъӣ — яке аз роҳҳои бордор кардани чорво. Бордоркунии сунъӣ ба воситаи асбобу лавозимоти махсус ба амал бароварда мешавад. Ба воситаи бордоркунии сунъӣ аз нутфаи як ҳайвони нарина чандин ҳайвони модинаро бордор мекунанд. Аз нутфаи як буққа зиёда аз 20 ҳазор гӯсола гирифтан мумкин аст. Бордоркунии сунъӣ барои беҳтар шудани зот, афзудани саршумор ва сермаҳсул гардидани чорво мусоидат мекунад. Усули бордоркунии сунъиро аввалин маротиба соли 1769 моҳипарвари олмонӣ С. Л. Якоби истифода бурдааст. Ӯ тухму нутфаи моҳиро ба зарфи обдор андохта, ба ин восита тухмҳоро бордор кардааст. Табиатшиноси итолиёӣ Л. Спалансиани (1780) аз нутфаи саги нар саги модаро бордор карда буд. Дар натиҷа баъди 62 рӯз 3 сагбачаи солим ба дунё омадаанд. Соли 1854 моҳипарвари рус В. П. Врасский усули «хушк»-и бордоркунии сунъии тухми моҳиро кашф намуд, ки то имрӯз истифода мешавад. Асосҳои назариявии бордоркунии сунъии чорворо биологи рус И. И. Иванов таҳқиқ кардааст. Ӯ соли 1899 дар бораи бордоркунии сунъии хукчаҳои баҳрӣ, харгӯш, саг ва модиён таҳқиқот анҷом дода, исбот кард, ки бо нузола (нутфаи хориҷшуда) ҳайвони зиёдро бордор кардан имкон дорад.

бордоркунии сунъӣ хеле самаранок аст. Дар натиҷаи пажӯҳишҳои зиёд вазифаи аъзои таносул, биохимияи нутфа, рефлексҳои ҷинсӣ, хусусиятҳои сперматогенези ҳайвоноти нарина, биологияи бордоршавӣ, хосияти ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва ғ. омӯхта шудаанд. Аз ҳайвоноти наслдеҳ нутфаро бо тарзҳои гуногун мегиранд. Яке аз роҳҳои маъмули он ба воситаи ниёми сунъӣ гирифтани нутфа аст. Асоси бордоркунии сунъӣ донистани хусусияти физиологии бордоршавии табиӣ мебошад. Бордоршавии табиӣ 2 гуна мешавад: маҳбалӣ ва раҳимӣ. Ҳангоми бордоршавии маҳбалӣ (мас., дар гов, буз, гавазн, харгӯш ва ғ.) нутфа ба маҳбал, дар мавриди бордоршавии раҳимӣ (мас., дар саг, хук, асп ва ғ.) нутфа бевосита ба раҳим (бачадон) хориҷ мешавад. Дар заминаи таҳқиқи бордоршавии табиӣ чанд навъи бордоркунии сунъиро кашф кардаанд: бордоркунии сунъии маҳбалӣ (нутфаро ба маҳбал мефиристанд), сервикалӣ (нутфаро ба найчаи гарданаи бачадон ворид мекунанд), раҳимӣ (нутфаро ба бачадон дохил менамоянд) ва тухмроҳагӣ (нутфаро ба тухмроҳа мефиристанд).

Дар Тоҷикистон ба бордоркунии сунъии ҳайвонот баъди ҶБВ шурӯъ намуданд. Солҳои 1970—1873 дар ҷумҳурӣ шабакаи бунгоҳҳои давлатии зотпарварӣ ва бордоркунии сунъӣ ташкил шуда, минбаъд ба иттиҳодияҳои калон муттаҳид гаштанд. Феълан дар Тоҷикистон Муассисаи ҷумҳуриявии «Зотпарварӣ ва бордоркунии сунъии чорво» амал мекунад, ки дар вил-ҳои Хатлону Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ бахшҳои он фаъолият доранд. Дар ҷумҳурӣ ба бордоркунии сунъӣ 260 бунгоҳи махсус машғул мебошанд. Дар пешравию вусъати бордоркунии сунъӣ олимони ҷумҳурӣ А. А. Залтсман, В. В. Казаркин, А. Я. Гладишев, М. Умаров, Р. У. Усмонов, С. Х. Хоҷаев, шаҳри Т. Раҳимов, А. С. Қодиров, И. И. Бобокалонов, шаҳри Р. Мирзоаҳмадов ва дигар саҳми назаррас гузоштаанд. Ҳоло заноне, ки табиатан ҳомила намешаванд, бо роҳи сунъӣ бордор карда мешаванд. Бо ин мақсад соли 2012 дар Душанбе маркази тиббии «Насл» таъсис ёфт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ожин Ф. В. Технология искусственного осеменения овец. М., 1978;
  • Справочник по искусственному осеменению сельскохозяйственных животных. М., 1983;
  • Шипилов В. С. Ветеринарное акушерство, гинекология и биотехника размножения. М., 2000;
  • Рахимов шаҳри Т., Мирзоев М., Джобиров А. (ва дигарон). Рекомендация по освоению методов искусственного осеменения коров. Д., 2010;
  • Мирзоаҳмадов шаҳри Р., Сатторӣ И. (ва дигар). Қобилагӣ, гинекологияи ветеринарӣ ва биотехнологияи афзоиш. Д., 2011. .