Jump to content

Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». - Душанбе: «Шаҳпар», 2012. - 135 с.

Дар тафсир масъалаҳои вазъи ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, тартиби омаду рафт ва ҷавобгарии шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон намудани мўҳлати буду бош, рондани онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ дар таносуб бо меъёрҳои қонунгузории дохилӣ таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Ҳамчунин дар он замимаҳо дар шакли иқтибос аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар робита ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои оила, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ҷой дода шудаанд. Чунин шакли маҷмуавӣ метавонад барои дарки амиқи моҳият ва вазъи имрўзаи шаҳрвандони хориҷӣ бевосита заминагузорӣ намояд, зеро ки ин ҷиҳат дар қонунгузории амалкунанда ба таври васеъ матраҳ мегардад.

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти тағйиру иловаҳои он то таърихи 03.07.2012 сол омода гардида барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷўён, аспирантон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, инчунин ҳуқуқшиносони амалия тавсия карда мешавад.[1]

  1. Сомонаи Маркази милии қонунгузорӣ.Нашрҳо(пайванди дастнорас)