Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ
Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ – Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини хидматрасонии ҳуқуқӣ, коргузорй, ташкили таҳлилй, иттилоотӣ, молиявӣ, моддию техникӣ ва иҷтимоию маишии фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони он дастгоҳи худро таъсис медиҳад. Фаъолияти дастгоҳи Маҷлиси миллиро санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастур ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ тасдиқ карда мешавад, танзим менамояд. Сохтор, рӯйхати вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хароҷоти нигахдонгги он аз ҷониби Маҷлиси миллӣ дар доираи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллӣ тасдиқ карда мешавад. Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раиси Маҷлиси миллӣ аз тарафи Маҷлиси миллй таъйин ва озод карда мешавад. Роҳбарии бевоситаи Дастгоҳро Раиси Маҷлиси миллӣ ба уҳда дорад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 144-145