Дастгоҳи давлатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дастгоҳи давлатӣ - низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона шудааст. [1].

2. Дастгоҳи давлат - давлат бо пайдоиши худ ба дастгоҳи хизматкунанда эҳтиёҷ дошта, дар ҳар як марҳилаи тараққиёташ онро тағйир медиҳад. Дастгоҳи давлат аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор иборат буда, ба мақсади функсияи ҳокимияти давлатиро иҷро кардан аз тарафи давлат ташкил дода мешавад.

Дастгоҳи давлат маҷмуи мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор аст, ки функсияи ҳокимиятдориро амалӣ месозанд. Дастгоҳи давлатӣ воқеан дастгоҳи ҳокимият буда, воҳидҳои таркибии он аз номи давлат, ҳамчун намояндагони ҳокимият ваколатҳои ҳокимиятиро иҷро мекунанд. Дастгоҳи давлат дастгоҳи ҳокимияти давлатӣ (воҳиди таркибии ҳокимият) буда, вазифаи асосиаш амалисозии ҳокимият аст.

Дастгоҳи давлатӣ дасггоҳи идоракунии сиёсӣ буда, ба танзиму идораи ҳаети сиёсии ҷомеа машғул аст, тамоюлҳои асосии сиёсати дохилй ва хориҷии кишварро амалӣ мекунад. Дастгоҳи давлатро асосҳои ягонаи ташкилу фаъолияти он, мақсад ва вазифаҳои ягона, манфиатҳон умумидавлатӣ ташкил медиҳанд.

Дастгоҳи давлатӣ ҳам вазифаи идоракунии ҷомеа (идоракунии сиёсй, иқтисодӣ, иҷтимой, маънавй) ва ҳам вазифаи татбиқи чораҳои маҷбурсозии давлатиро иҷро менамояд. [2]

Инчунин нигаред[вироиш]

Масалан дар Тоҷикистон чунин намудҳои Дастгоҳи давлатӣ — Дастгоҳи иҷроияи Президент, Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва диг. фаъолият мекунанд.

Сарчашма[вироиш]

  • Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 166; соли 2007, №6, мод. 429; с.2010,№3,мод. 158; с.2011, №6, мод. 452; Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с., №900, 28.12.2012с. №914, Қонуни ҶТ аз 22.02.2013 № 1016с.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Қонуни ҶТ Дар бораи хизмати давлатӣ. Б.1. Мод. 1. Мафҳумҳои асосӣ
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 144