Jump to content

Дафтарчаи меҳнатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дафтарчаи меҳнатӣ — ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи кории кормандонро тасдиқ менамояд. Тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаҳои меҳнатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Корфармо вазифадор аст, ки ба ҳамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушояд. Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мувофиқи асноди меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандонро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор қайд карда мешавад. Ҳангоми аз кор озод кардан дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати роҳ додани кашолкорӣ оид ба супоридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо ба корманд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 148