Даштиҷум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мамнӯъгоҳи давлатии табии «Даштиҷум» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1983 дар ҳудуди ноҳияи Шӯробод вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Масоҳати мамнӯъгоҳи давлатии табии ««Даштиҷум» 19700 га аст. Даштиҷум дар доманаи ҷанубии каторкуҳи Дарвоз ҷойгир аст. Мамнӯъгоҳ бо мақсади нигоҳдории охирин маскани зисти бузҳои шохпечи Мархура ва Муфлони осиёимиёнагӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. Максади асосии созмони мамнуъгох аз омузиш, баркарор ва хифзи популятсияи ачоиби табиии бузи пармашох (мархур), хифзи рустаниҳои гизоию табобатй ва популятсияи он - зираи бухорой иборат буд. Олами рустаниҳои мамнуъгох гуногун аст: чамоаҳои юган, камол, ширеш, бодом, челон, калофак, писта номгуи ками онҳост. Дар мамнуъгох намудҳои нодир ва камчин, ба монанди савсан, пиёзхо, лола, намудҳои рустаниҳои тропикй ва субтропикй, аз ҷумла нок, анчир, хурмо, анор ва зираи бухорой, ки дар замони мо дар сатҳи табий популятсия ва чамоаҳои он факат дар ҳамин мамнуъгох бокй мондааст, месабзанд. Аз олами хайвонот бузи пармашох (мархур), агамаи туркистонй, бахтур, гурза, мори обй, бургут, гунчишки испанй, кабк, хирс, паланг, гург ва ғайра зиндагй мекунанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. М. Дарвозиев, И. Сафаров. Экология. Китоби дарсӣ. -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 135