Jump to content

Даҳонгирдон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Даҳонгирдон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cyclostomata Busk, 1852
Таксонҳои хоҳар
  • Myxiniformes
  • Petromyzontiformes

Даҳонгирдон, гирддаҳонҳо (лот. Cyclostomata) — ҷонварони обии муҳрадори дараҷаи паст.

Пештар ба яке аз синфҳои беҷоғҳо мансуб дониста мешуданд. Аз нигоҳи таҳаввулот пешгузаштагони моҳиҳо мебошанд. Ҷисмашон моршакл (дарозиаш 40 см), пӯсташон ғафс (ҳуҷайраҳои сершумори луоббарор дорад). Даҳонгирдон бидуни скелети берунӣ буда, хордаашон тамоми умр боқӣ мемонад. Скелети даруниашон аз ғузруф (тағояк) иборат аст. Болҳои шиноварии ҷуфт надоранд. Ғалсамаашон андаруни парда ҷой гирифта, халташакл аст. Даҳонашон қифшакл, бо тағояки гирда устувор дошта мешавад (номашон ҳам аз ҳамин ҷост). Мағзи сарашон мисли мағзи сари моҳиҳо хурд буда, бо ҷумҷумаи иборат аз ғузруфу пӯст фаро гирифта шудааст. Узви шоммаи даҳонгирдон ҳафт сӯрох дорад, ки дар байни ҳар ду чашм воқеъ гаштааст. Даҳонгирдон тез шино мекунанд. Даҳонгирдон ба ҷисми моҳиҳо «часпида» бо ёрии онҳо ҳаракат менамоянд. Ғизои даҳонгирдон кирм, ҳашарот ва тухми моҳиҳо мебошанд. Даҳонгирдон ду зерсинф – миногаҳо (Petromyzones) ва миксинаҳо (Myxini) доранд. Баъзе даҳонгирдон (мас., миногаҳо)-ро шикор мекунанд.

  • Васильева Е. Д. Жизнь животных. Рыбы//Энциклопедия. Природа России. М., 1999;
  • Горкин А. П. Биология. Современная иллюстрированная энциклопедия. М., 2006.