Деворнигорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Деворнигорӣ (دیوارنگاری), граффити (итол. Graffiti аз grafito — харошида) — шаклу суробҳо ва навиштаҷоте, ки дар рӯи сатҳе (сахра, сангҳо, деворҳо, сафолҳо, ашё ва ғ.) ба тариқи харош акс ёфтаанд.

Граффитҳоҳо хусусияти динӣ ва маишӣ доштанд. Граффитҳоҳо аз даврони палеолит маълуманд. Тасвирҳои рӯи сахраи ғори Алтамир дар ҳудуди Испанияи имрӯза ва суратҳо дар яке аз бузургтарин шаҳракҳои майя Тамагла дар Амрико, петроглифҳои муҷтамеи Тамогли дар ҳудуди Қазоқистони имрӯза ва намунаҳои граффитҳо дар деворҳои муҷтамеи Гиза маҳфуз мондаанд. Дар аҳди бостон граффитҳоҳоро барои хонапурии варақаҳои интихоботӣ (Афина) ва дар ороиши зарфҳои гуногун (остраконҳо) истифода мебурданд. Тасвирҳоеро, ки ҳангоми ҳафриёт дар ш. Помпей пайдо шудаанд, намуди хосси граффитҳо шумурдан мумкин аст. Дар Руси Қадим граффитҳоҳои хусусияти ибодатидошта дар деворҳои калисоҳо маъмул буданд. Наққошиҳои бозёфтшуда дар калисои ҷомеи Софияи Киев ба солҳои 1052-54 марбут дониста мешаванд. Граффитҳоҳо дар мағораи Шахтаи Помири Ғарбӣ низ мавҷуданд. Аз ноҳияи Ёвон санге ҳафр шудааст, ки ба давраи Бохтар ва Кушониён мансуб буда, дар рӯи он ба тариқи харош аждаҳоасп ва ё мораспи саворадор акс ёфтааст. Аз деҳаи Сух (водии Фарғона) санге ёфтаанд, ки дар рӯи он ду мор ба тарзи харош кандакорӣ шудааст ва он ба асри 2 то м. тааллуқ дорад.

Навиштаҷот, расмҳо, наққошиҳои якранга ё бисёрранга дар рӯи деворҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки як намуди эҷодиёти ҳаваскорӣ мебошад. Граффитҳоҳои муосир бештар амалҳои рафтории як қисми ҷавонон буда, хусусияти намоишкоронаи аломатҳо ва рамзҳоро дар муҳити ҷавонон ифода мекунад. Граффитҳоҳо аксар вақт бо одатҳои бади дар наврасӣ зуҳуркарда, хоҳиши озмудани хеш дар вазъиятҳои ғайриодӣ алоқаманданд. Дар граффитҳо вокуниши гурӯҳи ҷамоаҳо алайҳи меъёрҳои иҷтимоӣ, ки дар шакли «символизми конденсатсионӣ» (Э. Сепир) амал мекунад ва барои рафъи ташаннуҷи гурӯҳӣ, инчунин ҷорӣ намудани фарҳанги баланд алайҳи вандализм зарур мебошад. Граффитҳоҳое низ ҳастанд, ки ҷанбаи сиёсӣ доранд, аммо онҳо на ба хотири иброз доштани арзиши аҳдофи раҳнамудҳо, балки барои сода кардани равандҳои сиёсӣ ё ҳамбастагии гурӯҳҳо эҷод мешаванд (Бочарова О., Щукин Я. Политические граффити Москвы // Рефераттивный журнал. Социолограффитҳо Сер. // 1996. № 1). Граффитҳо ҳамчун равияи махсуси ҳунари тарроҳӣ аз унсурҳои фарҳанги марбут ба ҷавонони ҳип-ҳоп ва контркултур ё зидди фарҳанг ба шумор меравад. Нахустин граффитҳоҳо дар миёнаи солҳои 1960 дар Филаделфияи ИМА ба шакли «бомбинг» (аз анграффитҳо to bomb — бомбаборон кардан) пайдо шуданд, ки ҷавонон дар муҳити берун аз таълимгоҳ, яъне муҳити хиёбонӣ тавассути «рейтерҳо» (аз анграффитҳо write — навиштан) дар деворҳо навиштани номҳои хешро таҷриба мекарданд. Соли 1970 би-бойи (аз анл. b-boy — раққоси брейк-данс) 16-солаи африқоитабори амрикоӣ Demetrius номи худро — «Taki 183», ки аз тахаллусу шумораи манзили зисташ иборат буд, дар деворҳои метрои Ню-Йорк навишт. Соли 1975 як вагон батамом ва соли 1976 қатораи томи электрикии метро наққошӣ карда шуд. Аввали солҳои 1970 дастаҳои мукаммали рейтерҳо пайдо шуданд ва миёнашон рақобат авҷ гирифт, аммо солҳои 1990 мусобиқаҳои омавӣ доир мегардиданд, ки дар рафти онҳо маҳаллаҳои том наққошӣ мешуданд.

Граффитҳо ҳамчун амалҳои авбошонаву харобкоронаи амволи ҷомеа арзёбӣ мешуд ва ҳукуматҳо алайҳи онҳо муҷозоти мухталиф меандешиданд. Бинобар ин муаллифони граффитҳо, маъмулан, дар навишт номи мустаор, тахаллус, ҳар гуна рамз ва ғ.-ро ба кор мебурданд. Аммо табъизҳое, ки соли 1981 бештар шиддат гирифтанд, самараи баръакс доданд — дар ҷавоб зернавиштҳои бештаре пайдо шуданд. Пас аз ин граффитҳо ҳамчун падидаи шуми ногузир пазируфта шуд, дар як қатор шаҳрҳо барои онҳо ҷойҳои махсус ҷудо карданд. Граффитҳо дар Аврупо ва баъдан дар ҷаҳон паҳн шуд (ҳатто «граффитҳотуризм» пайдо шуд). Дар Русия граффитҳо дар нимаи солҳои 1980 пайдо шуд, аммо мисли кишварҳои Аврупо хусусияти оммавӣ нагирифт.

Граффитҳоро ҳамчун наққошии чандқабатӣ дар деворҳои биноҳо, вагонҳо, дар деворҳои тахтагию сангию оҳании иҳотавӣ мекашанд. Дар ибтидо аз олатҳои маъмулии хаткашӣ, асбосҳои дастисохт истифода мебурданд. Бо пайдо шудани аэрозолҳо барои дастёбӣ ба тасвирҳои хос (тасвири унсурҳои қавии графикӣ ва ғ.) имконият пайдо шуд. Одатан, барои пур кардани тарҳи рангаш сиёҳ, ки таъйидкунандаи шакли ҳуруф ё тимсол мебошад, рангҳои ғализу равшан истифода бурда мешаванд. Ранг, шакл, будан ё набудани хатҳои гирдогирдӣ аз сабки граффитҳо вобаста аст. Аз солҳои 1970 дар граффитҳо аз усулҳои санъати бошукӯҳ истифода мебурдагӣ шуданд. Аммо аз рӯи услуб граффитҳоҳо бештар ба силсиларасмҳои ҳаҷвӣ қаробат доштанд. Мақсади композитсияҳои мураккаби тасвирӣ ҷалб намудани диққати роҳгузарҳо буд (мас., корҳои Роберт Бэнкс ё Бэнкси). Сабкҳои аслии граффитҳо: wild style — сабки ваҳшӣ; FX ё ЗД — сабки ҳаҷмӣ; throw up — сабки тез; messiah style — навишти ҳарфҳо ба тарзе, ки гӯё онҳо дар варақҳои алоҳида навишта шуда бошанд; blockdusters — навиштани ҳарфҳои калон, ниҳоят фарох ва бештар сеандоза бо андаке хамидагӣ ва сабти якнавохт; charakter — пайравӣ ба услуби силсиларасмҳои ҳаҷвӣ. Услуби граффитҳо ба ҳунари дизайн сахт таъсир кард ва он дар ҳунари филмсозӣ, графикаи компютерӣ, Интернет, реклама ва ғ. истифода бурда мешавад. Нигар низ Граффитизм.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Толстой И. И. Греческие граффити древний городов Сверного Причерноморья. М.; Л., 1953;
  • Древнерусские надписи Софии Киевской XI—XIX вв. Вып. I. Киев. 1966;
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003;
  • Новая российская энциклопедия. Т. V (2). М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]