Jump to content

Декларатсия (дар гумрук)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Декларатсия (дар гумрук) - декларатсияи гумрук, ҳуҷҷати дорои шакли муайян, ки дар он тибқи Кодекси гумруки ҶТ маълумоти барои мақомоти гумрук зарури зикр карда мешавад. Декларатсияро одатан шахсе пур мекунад, ки ӯро декларант меноманд.[1]

Шаклҳои декларатсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мақомоти гумрук шаклҳои зерини декларатсияи гумрукӣ мавҷуданд:

  • Декларатсияи гумрукии бор (ГТД);
  • Декларатсияи мусофирон (Т-6);
  • Декларатсияи транзитӣ;
  • Декларатсияи муваққатӣ
  • Декларатсияи даврӣ;
  • Декларатсияи арзиши гумрукӣ;
  • Декларатсияи асъор.