Декриминализатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Декриминализатсия — аз шумори кирдорҳои ҷиноятӣ берун намудани кирдорҳои муайян мебошад, яъне барҳам додани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба кирдорҳое, ки ҷиноят эътироф мешуданд. Бо ҷараёни декриминализатсия криминализатсия намудани кирдор сахт алоқаманд мебошад. Баръакси декриминализатсия криминализатсия аз тарафи қонунгузор ҷиноят эътироф намудани кирдорҳои муайян ва пешбинӣ намудани ҷазо барои онҳо мебошад, яъне барои кирдорҳои муайяне, ки - ҷиноят эътироф намешуданд, муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ. Зарурати аз тарафи қонуни ҷиноятӣ манъ намудани ин ё он кирдор аксар вақт мутлақ набуда, он вобаста ба ҳаёти ҷамъиятӣ мумкин аст тагӣир ёбад. Сабабҳои декриминализатсия намудани кирдор дар қонуни ҷиноятӣ мумкин аст аз инҳо иборат бошад:

  1. бавуҷудоии боварӣ оид ба самаранок набудани мубориза бо ин ё он кирдор тавассути воситаҳои ҳуқуқӣ-

ҷиноятӣ;

  1. тағйир ёфтани хусусиятҳои муносибатҳои ҷамъиятии пештар бо қонуни ҷиноятӣ муҳофизатшаванда.
  2. тагӣир ёфтани тасаввурот оид ба дараҷаи ба ҷамъият хавфнок будани кирдор;
  3. тағйир ёфтани баҳои ахлоқии кирдори муайян;
  4. аз тарафи давлат иҷро намудани ӯхдадориҳои ҳуқуқи байналхалқии худ дар мавриди муҳофизати ҳуқуқи инсон.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 153