Демократия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Демократия - аз калимаи юнонӣ (demos-халқ,kratos-хокимият) гирифта шуда маънояш ҳокимият дар дасти халқ аст.Шакли ҳокимияти ҷамъиятиву давлатӣ, ки халқро ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимият эътроф мекунад. Дар асоси маълумоти таърихӣ - инкишофёбӣ ва тағйирёбии демократия бо ҳадди инкишофёбии ҷамъият алоқаманд аст. Яке аз навъҳои таърихии демократия дар давраҳои атиқа пайдо шудааст, ки он демократияи Афинаи Қадим мебошад. Нишонаи демократияи қадим - ҷамъомадҳои халқӣ, интихобкунӣ, масъулиятнокии шахсони мансабдор мебошад. Нишонаи асосии демократия интихобӣ будани мақомоти ҳокимияти давлатӣ_мебошад. Ду намуди демократия фарқ карда мешавад:

  1. демократияи намояндагй (қабули қарорҳои асосӣ ба воситаи мақомоти интихобӣ);
  2. демократияи бевосита (қабули қарорҳои асосӣ бевосита аз ҷониби худи шаҳрвандон). [1]

Демократия шакли ташкилоти сиёсии ҷамъият, ки аз руйи иштироки шаҳрвандҳо дар кори идоракунӣ, баробарии онҳо дар назди қонун, хуқуқҳои сиёсӣ ва озодии шахс, аз дигар шаклҳои ҳокимият фарқ мекунад. Аз ин рӯ пеш аз ҳама шакли давлат аст. Демократия аз шаклҳои дигари давлат (истибдод, автократия, диктатураи ҳарбӣ ва ғайрахо) бо хусусиятҳои зерин фарк мекунад: ба таври расмӣ эътироф намудани принсипи тобеияти ақаллият ба аксарият; баробарӣ ва озодии шаҳрвандҳо; интихоби будани органҳои давлатӣ ва ғайраҳо.

Дар моддаи якуми Сарконуни ҶТ гуфта шудааст , ки Тоҷикистон давлати демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон аз соли 1991 демократияи худро сохта истодааст.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 153