Мардумсолорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мардумсолорӣ (форсӣ: مردم‌سالاری‎), демокра́тия (юн.-қад. δημοκρατία аз δῆμος «мардум» + κράτος «ҳукумат») — шакли ташкилоти сиёсии ҷамъият, ки аз руйи иштироки шаҳрвандҳо дар кори идоракунӣ, баробарии онҳо дар назди қонун, хуқуқҳои сиёсӣ ва озодии шахс, аз дигар шаклҳои ҳокимият фарқ мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асоси маълумоти таърихӣ — инкишофёбӣ ва тағйирёбии демократия бо ҳадди инкишофёбии ҷамъият алоқаманд аст.

Яке аз навъҳои таърихии демократия дар давраҳои атиқа пайдо шудааст, ки он демократияи Афинаи Қадим мебошад. Нишонаи демократияи қадим — ҷамъомадҳои халқӣ, интихобкунӣ, масъулиятнокии шахсони мансабдор мебошад. Нишонаи асосии демократия интихобӣ будани мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ду намуди демократия фарқ карда мешавад:

  1. демократияи намояндагӣ (қабули қарорҳои асосӣ ба воситаи мақомоти интихобӣ қабул карда мешавад);
  2. демократияи бевосита (қабули қарорҳои асосӣ бевосита аз ҷониби худи шаҳрвандон қабул карда мешавад).[1]

Демократия аз ҳама шакли давлат аст. Демократия аз шаклҳои дигари давлат (истибдод, автократия, диктатураи ҳарбӣ ва ғайрахо) бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунад: ба таври расмӣ эътироф намудани принсипи тобеияти ақаллият ба аксарият; баробарӣ ва озодии шаҳрвандҳо; интихоби будани органҳои давлатӣ ва ғайраҳо.

Мардумсолорӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар моддаи якуми Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон аз соли 1991 демократияи худро сохта истодааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 153