Депрессияи Тоҷикистон
Депрессияи Тоҷикистон, депрессияи Тоҷикистону Афғонистон — пастхамии тектоникии байникӯҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой, Помир ва Ҳиндукуш.
Асосан қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷанубии Ҷумҳурии Узбекистон ва шимоли Афғонистонро дар бар мегирад. Таҳкурсии депрессияи Тоҷикистон аз ҷинсҳои булӯрии токембрий ва терригению карбонатӣ, вулканзодию таҳшинӣ, инчунин интрузивии палеозой — ибтидои триас иборат буда, рӯи онро қабати ғафси ҷинсҳои таҳшинии эраҳои мезозою кайнозой пӯшидааст. Депрессияи Тоҷикистон дар тамоми эраи мезозой ва давраҳои палеогену неоген минтақаи ғуншавии таҳшинҳои гуногунтаркиб буд. Табақаи таҳшинии депрессияи Тоҷикистон ба ду комплекс тақсим мешавад: поинӣ — плат формавӣ, ки таҳнишастҳои охири триаспалеогенро дар бар мегирад ва болоӣ — орогенӣ, ки аз таҳнишастҳои олиготсен — дав раи чорумин иборат аст. Комплекси поинии депрессияи Тоҷикистон, ки пастхамии платформавиро фаро гирифтааст, аз таҳнишастҳои гуногунранги континентӣ, баҳрӣ ва халиҷӣ иборат мебошад ва аз 1,5 то 4,0 км ғафсӣ дорад. Комплекси болоӣ — орогении депрессияи Тоҷикистонро ҷинсҳои молласии сурхранг (конг ломерат, регсанг, мосасанг, алевролит ва гил) ташкил медиҳанд, ки аз 3-4 то 6-8 км ғафсӣ доранд. Дар давоми эраи мезозой ва қисми аввали кайнозой сохти таҳкурсиашро нигоҳ дошта, танҳо дар охири неоген ва давраи чорумин дар сохти депрессияи Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омад, дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникӣ ба ҷои фурӯхамидагиҳо сохторҳои мураккаби тектоникӣ (кӯҳу қаторкӯҳҳо) пайдо шуданд ва шакли релеф ба намуди кунуниаш наздик гардид. Таҳнишастҳои ҳудуди депрессияи Тоҷикистон конҳои нафту газ, ангишт, намаки ош, варақсангҳои сӯзанда ва масолеҳи бинокорӣ доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Депрессияи Тоҷикистон // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 506—507. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Депрессияи Тоҷикистон // Гавҳарак — Ирланд. — Д. : СИЭСТ, 1980. — С. 266. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 2).