Jump to content

Бемории қанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Диабети қанд)
Бемории қанд
ИхтисосDiabetology, endocrinology Edit this on Wikidata
Бемории қанд
Аломати диабет, ки аз тарафи СММ тасдиқ шудааст
Аломати диабет, ки аз тарафи СММ тасдиқ шудааст
МКБ-10 E1010.-E1414.
МКБ-9 250250
MedlinePlus 001214
eMedicine med/546  Шаблон:EMedicine2
MeSH D003920

Бемории қанд, диабети қанд (лот. diabetes mellītus) — бемории муттасиле, ки ба он баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гормони ғадуди зери меъда) хос аст.

  • диабети қанди навъи 1 — беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор доруи инсулин гузарондан лозим меояд;
  • диабети қанди навъи 2 — беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъйиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад;
  • осеби диабети қанд — осеби рагҳои хунгузари шахсони мубталои диабети қанд, ки дар асари он шабакияи чашм аз ҳам рехта, беморро нобино мегардонад (ретинопатияи диабети қанд); ба гурдаҳо таъсир гузошта, боиси хурӯҷи заъфи гурдаҳо мешавад (нефропатияи диабети қанд); аз он пойҳои бемор дардманд гашта, захмҳои трофикӣ пайдо шуда, ба паҳншавии фасод ва маъюбӣ расонда, буридани пойҳои ӯро ноилоҷ мегардонад (бемории пошнаи диабети қанд) ва ғайра;

воситаҳои худназораткунӣ — тасмаи ташхисӣ ва асбобҳое (глюкометрҳое), ки имконият медиҳанд беморон мустақилона дараҷаи глюкозаи хунро муайян намоянд.