Диктатор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дикта́тор (лот. dictator, аз dicto — мефармоям):

  1. Шахсе, ки дар сарварии режими сиёсии диктаторӣ қарор дорад. Он ҳокими мутлақ буда, аз қонун боло меистад. Дар як қатор шаҳрҳои Америкаи Лотинӣ ва Итолиёи қадим ҳокими мутлақ, ки ҳар сол интихоб мешуд;
  2. Дар Руми Қадими давраи республика (асри 5 — нимаи 2-юми асри 1 то милод) шахси расмии ваколатдор, ки консулҳо бо қарори сенат ба мӯҳлати на зиёда аз 6 моҳ ҳангоми хатари калон ва зарурати ба дасти як кас додани ҳокимият таъин менамуданд. Диктатор ҳокими мутлақе буд, ки ҳангоми таъинот сабаби интихобаш қайд карда мешуд. То асри IV то милод дар хусуси ҳукми диктатор ба маxлиси халқӣ шикоят кардан мумкин набуд. Дар аҳди Сулла ва Сезар мӯҳлати интихоби диктатор номаҳдуд гашта, хусусияти монархистӣ пайдо намуд. Онро соли 44 то милод Марк Антоний бекор кард.

Дар шароити Замони нави Франсия мафҳум ва амалияи мазкур боз рӯзмарра гардид. Дар таърихи навин ҳамчун диктатор бештар А. Гитлер, Б. Муссолини, Ф. Франко, А. Х. Пиночет, Пол Пот ва дигаронро ном мебаранд;

  1. Роҳбари авторитарӣ, шахсе, ки дар ин ё он соҳаи идоракунӣ ва хоxагидорӣ ҳокимияти бемаҳдуд дорад.

Эзоҳ[вироиш]