Диловар Аюбов
Диловар Мирзошарифович Аюбов | |
Таърихи таваллуд | 18 июл 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нозироти андози н. Синои ш. Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Диловар Мирзошарифович Аюбов — ҳуқуқшинос, номзади илмҳои иқтисодӣ (2017), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Диловар Аюбов хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2002). Солҳои 2003-2005 ба сифати нозири Раёсати гумруки шаҳри Турсунзода, 2005- 2010 нозири хадамоти бехатарии Роҳи оҳан, 2010 - 2018 ҳуқуқшинос, сарнозир, сардори шуъбаи маљбуран ситонидани ќарзи андозҳо дар Нозироти андози н. Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Солњои 2018-2019 дар кафедраи баҳисобгирии бухгалтери таҳлил ва аудити Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ҳайси муаллими калон ва аз соли 2019 инҷониб ба ҳайси мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иққтисодӣ фаъолият дорад. Соли 2017-рисолаи номзадиро дар мавзуи «Асосҳои ташкилию иқтисодии рушди аутсорсинги хадамоти гумрук дар шароити иқтисоди бозорӣ» дифоъ намудааст. Бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020) қадрдонӣ шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ташаккул ва рушди хадамоти иттилоотии гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Д., 2020, (њаммуаллиф).,
- Асосҳои ташкилию иқтисодии рушди аутсорсинги хадамоти гумрук дар шароити иқтисоди бозорӣ. Д.,2021.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 18 июл
- Зодагони соли 1981
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон