Jump to content

Дилором Баҳромова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳромова Дилором Орифовна
Зодгоҳ: Конибодом
Касб: актрисаи театр

Баҳромова Дилором Орифовна (тав. 1 апрели 1946, Конибодом) — актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002).

Аз 10–12-солагӣ ба театр ҷалб гардид. Аз соли 1966 ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии Конибодом ба номи Т. Фозилова. Тӯли фаъолияти чилсолааш дар саҳнаи ҳамин театр қариб 90 нақш офаридааст. Хусусан дар иҷрои нақшҳои драмавӣ маҳорати баланд дорад. Нақшҳои модар («Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ), Соима («Ҳукми модар»-и Н. Ҳикмат), Холча («Нурхон»-и К. Яшин), Афирахола («Тошболтаи ошиқ»-и Ҳ. Ғулом), Сурмахон («Сирри дилҳо»-и Раҳмонов), Салтанат («Тӯй»-и С. Ғанӣ), Фармонбибӣ («Ранҷиши Фармонбибӣ»-и С. Аҳмад) аз дастовардҳои беҳтарини ӯст. Баҳромова Дилором овози форам дошта, ҳофизи писандидаи мардуми тоҷик мебошад.