Jump to content

Дилоро Шукурова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилоро Шукурова
Дилоро Адҳамовна Шукурова
Таърихи таваллуд 22 август 1954(1954-08-22) (70 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дилоро Адҳамовна Шукурова — биолог. Номзади илмҳои биология (1999), дотсент (2001).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дилоро Адҳамовна Шукурова пас аз хатми мактаби миёна (1971) дар фак. биол. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил кардааст (1971-1976). Ассисистент (1978-94), муаллимаи калон (1994-2001) ва аз с. 2001 – дотсенти кафедраи гистологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Дар мавзӯи «Хусусияти равандҳои барқароршавӣ дар организм ҳангоми таъсироти гуногуни омилҳои муҳити беруна» тадқиқот мебарад. Дар мавзӯи «Гипертрофияи ҷубронии гурдаи таҷдидшавандаи обхокиҳо» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 50 таълифоти илмӣ ва 3 тавсияи таълимию методӣ, аз ҷумла таълифоти «Некоторые морфологические особенности почек амфибии» дар маҷ. «Известия АН РТ», 2003, №2; Дастур аз ситология, эмбриология ва гистология» (ҳаммуалиф, Д., 2005).