Дилшодхотун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилшодхотун
Таърихи таваллуд: асри XIII
Таърихи даргузашт: 1352
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: фармонраво

Дилшодхотун (форсӣ: دلشادخاتون‎; асри XIII1352, Ҷалоириён[d]) — шоири форс-тоҷик ва яке аз хотунҳои силсилаи Ҷалоирӣ ё Элхониён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибтидо завҷаи Абусаид Баҳодурхон буд. Пас аз марги ӯ ҳамсари Амир Шайх Ҳасани Бузурги Элхонӣ шуд. Писари Дилшодхотун Султон Увайс солҳои 1356—1375 салтанати Бағдодро бар уҳда дошт. Дилшодхотун аҳли илму адаб ва шоирони даврро дастгирӣ мекард. Салмони Соваҷӣ яке аз маддоҳони ӯ буд.

Дар тазкираҳо (мас., «Тазкирату-л-хавотин») аз Дилшодхотун чун шоири дорои табъи баланд ёд шудааст. Абёти зер намунае аз шеъри ӯст:

Ашке, ки сар зи гӯшаи чашмам бурун кунад,
Бар рӯи ман нишинаду даъвои хун кунад.


Ҳал шуд аз ғам ҳама мушкил, ки маро дар дил буд,
Ҷуз ғами ишқ, ки ҳал кардани он мушкил буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]