Jump to content

Дини бобулиёни қадим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дини бобулиёни қадим — динҳои политеистии сарзамини Бобулистонро гӯянд, ки дар аҳди бостон амал мекарданд.

Тамаддуни бобулӣ дар ҳазораҳои 4-3 то м. арзи вуҷуд намуда буд. Келдониён дар қисмати ҷануби Байнаннаҳрайн зиндагӣ мекарданд ва пойтахташон шаҳри Бобул буд. Ошуриён дар қисмати шимоли он ҳаёт ба сар мебурданд ва пойтахташон шаҳри Нинво буд. Бо вуҷуди он ки ин ду давлат аз ҳам ҷудо буданд, тамаддунашон аз як реша об мехӯрд ва лашкаркашии доимии онҳо ба якдигар онҳоро омезиш дода буд. Тадриҷан тамаддуни бобулӣ ба вуҷуд омад.

Шаҳри Бобул дар поёноби дарёи Фурот қарор дошт ва тамаддуни Эронро бо Мисру Арманистону Ошур мепайваст. Аз ин рӯ, мавқеияти ҷуғрофии мумтозеро доро буд. Дар аҳди ошуриён ҳукумати Ошурбанипал сояву нуфузи худро дар сарзаминҳои Бобул, Арманистон, Мод, Фаластин, Сурия, Финикия ва Илом густарда буд. Дар қаламрави ин империя дар садри маҷмаи олии худоён Ому қарор дошт ва ҳамаи фармонҳои расмӣ бо номи ин Худо содир мешуд, ҳар қонун аз манзалати илоҳии ӯ сарчашма мегирифт. Еараббуннавъи (ҳомӣ ва нигаҳбони) об, Энглия-худои тӯфон, Або–худои илм, Шамаш–худои адолат ва раббуннавъи Хуршед, Син–раббуннавъи Моҳ ва муваккили замон, Иштар–раббуннавъи Зӯҳра ва худованди ишқу ҷанг маҳсуб мешуд.

Аввалин тасаввурот роҷеъ ба пайдоиши олам дар Бобул ба вуҷуд омада буд. Қабл аз ба вуҷуд омадани ҷаҳон беназмию ошуфтагӣ ва ғавғо ҳукмрон буд. Тадриҷан оромиш барпо гардид ва Замину Осмон пайдо шуданд. Аз ба ҳам пайвастани онзо Худои Ону ва баъдтар худоёни дигар ба вуҷуд омаданд. Вақте бобулиён ошуриёнро ба тасарруфи худ дароварданд, тибқи маълумоте, ки дар аввали садаи 19 бостоншиноси англис Ловард зимни ҳафриёт ба даст оварда ва катибаҳои мазкурро Рарвинсони англис ва Опперти франсуз хонда буданд, бисёр саҳифаҳои норавшани Бобулистон маълум гардид. Дар ин катибаҳо қайд шуда буд, ки салотини Бобул илова бар ҷанбаи салтанат вазифаи пешвои мазҳабии қавми худро низ ба уҳда доштаанд. Ба ҳамин сабаб онҳо пойтахти худро Бобул (дарвозаи худо) номгузорӣ намуда буданд ва подшоҳ худро ҷонишини тамоми раббунавъҳо эълон намуда, худои бартари бобулиён Мардукро раббуннавъи тамоми бутҳо ва худоёни дуюминдараҷа қарор дод.

Аз он таърих, ки ба миёнаи ҳазораи дуюми то м. рост меояд, истибдоди мутлақ дар Бобулистон ҳукмфармо гардид ва фармони шоҳ чун фармони худои бузург Ону талаққӣ мешуд. Дар ҳамин давра ситорапарастӣ ва илми ҳайъат дар Бобулистон ривоҷ ёфт ва бобулиён гумон мекарданд, ки тамоми иттифоқоти сарнавиштҳо ба воситаи ҳаракати ҷисмҳои кайҳонӣ ба зуҳур мепазиранд, ҳар ситора мазҳари яке аз сифатҳои рабубият ва сокину ҳаракаташ вобаста ба лутфу ғазаби худоён мебошад. Ҳамчунин томи ҳар кас дар гарави яке аз онҳо мебошад. Ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи шумк билофосила ба воситаи сеҳру ҷоду аз он пешгирӣ мекарданд. Аз ин рӯ, сеҳру ҷоду, фолбинӣ, афсун, тилили, таъвиз ва ғайбгӯӣ ва таъбири хоб ва диг. унсурҳои улуми ғайбу ғариба инкишоф ёфтанд. Илми аҳком ва илми нуҷум низ дар Бобулистон рушд намуд. Чун барои таъйини мавзеи ситорагон ва мизони фосилаи онҳо эҳтиёҷ ба муҳосибаю зарбу тақсим ва андозагирии авъоди замонию маконӣ буд, илми ҳисобу муқоиса ва ҷадвалҳои гуногуни зарбу тақсим ва навъҳои мухталифи миқёсу андоза ба вуҷуд омаданд. Ҳакимони Юнон баъдан аз онҳо истифодаи фаровон бурданд.

  • Рашшод Муҳаммад. Фалсафа аз оғози таърих. Ҷ. 1., Теҳрон, 2534;
  • Ҳазратқулов М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. Д., 2006;
  • Вилл Дюрант. Таърихи тамаддун. Ҷ. 1., Теҳрон, 1340;
  • Блоус., Спек Р. Дебочае дар ҷаҳони бостон. Теҳрон, 1379;
  • Адёни Осиё. Динҳои таоӣ, маздоӣ (зардуштӣ), ҳиндуӣ, синкҳ ва ҷайнӣ. Теҳрон, 1377.