Jump to content

Динсолорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Динсолорӣ (форсӣ: دین‌سالاری ‎), теокра́тия (аз юн.-қад. θεός «Худо» + κράτος «ҳукумат») — низоми сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон.

Дар ҷаҳони имрӯза се таърифи мафҳуми динсолорӣ маълум аст: сиёсатшиносон мӯътақиданд, ки дар низоми динсолорӣ руҳониён ва дин дар муайян кардани сиёсати давлат нақши калидӣ доранд; ба ақидаи ҳуқуқшиносон динсолорӣ чунин шакли идоракунӣ мебошад, ки дар он ҳокимият дар ихтиёри ниҳодҳои мазҳабӣ ё динӣ ва руҳониён мебошад; намояндагони дин бошанд динсолориро чунин низоми идоракунӣ медонанд, ки мутобиқи он тамоми умури ҷамъиятӣ ва давлатӣ тибқи муқаррарот ва қонунҳои илоҳӣ ба амал бароварда мешаванд. Падари таърихнигорӣ Ҳеродот аввалин бор дар бораи низоми динсолории юнониёни қадим маълумот дода аст: Ҳанӯз аҷдодони қадимаи пеласгҳои юнонӣ ба ифтихори худоён қурбонӣ намуда, дуо мехонданд ва муътақид буданд, ки Худоён низоми оламро муайян карда, тамоми неъматҳоро бо иродаи худ тақсим намуданд. Ҳамин тариқ, динсолорӣ мутобиқи ақидаи Ҳеродот риояи низоми ҷаҳонӣ бо мақсади таъмини гармония дар ҷомеа мебошад. Решаҳои динсолорӣ ба умқи таърих мераванд: дар давлатҳои аҳди қадим — Миср, Бобулистон ва ғ. аввалин ҳокимон руҳониён буданд, ки тамоми умури идораи давлатро мутобиқи ақидаҳои мазҳабии худ ба роҳ монда, ҳатто дар бисёр мавридҳо худро Худо эълон менамуданд.

Мутобиқи меъёрҳои динсолории исломӣ давлати исломӣ чунин низоми давлатдорӣ аст, ки дар он ислом ва ё шариати исломӣ асоси ниҳодҳои сиёсӣ ва қонунҳои давлатро ташкил медиҳанд, вале ба ин нигоҳ накарда меъёрҳои мушаххаси муайян намудани динсолорӣ аниқ нестанд. Мас., дар Арабистони Саудӣ ва Эрон фаъолияти судҳҳо бар асоси муқаррарот ва меъёрҳои исломӣ ба амал мебароранд. Аксари кишварҳои мусулмонии Шарқи Наздик низоми ҳуқуқии худро бар асоси арзишҳои динӣ ва меъёрҳои шариат ташкил намуданд. Дар Таркия, Индонезия, Бангладеш, Покистон, Мавритания ва ғ. низомҳои сиёсӣ, қонуни асосӣ ва низоми ҳуқуқии дунявӣ вуҷуд дошта, як қисми онҳо худро ҷумҳурии исломӣ медонанд. Ҳиндустон ва Филиппин қонунҳои исломии шаҳрвандиро эътироф менамоянд. Қонунҳои шариат дар ҳаёти Судон, Нигерия, Афғонистон, Либиё ва ғ. нақши калидӣ доранд. Ҳукумати Эрон ҳамчун ҷумҳурии динсолорӣ шинохта шуда аст: Сардори давлат ва ё роҳбари инқилобии исломӣ шахсияти маъруфи исломӣ буда, аз тарафи Шӯрои хибрагон якумра интихоб мегардад. Мақоми дигари динсолорӣ — Шӯрои нигаҳбон ҳамчун ҷузъи ҳокимияти иҷроия масъулияти қабули қарорҳоро мутобиқи меъёрҳо ва арзишҳои исломӣ ба уҳда дорад.

Намунаи дигари низоми динсолорӣ Ватикан мебошад. Сардори давлати Ватикан Папа буда, аз тарафи ҳайати кардиналҳо (конклав) — маҷлиси олии руҳониёни католикӣ интихоб мешавад. Папа ба сифати сардори давлат аз ҳисоби кардиналҳои то 80-сола якумра интихоб мешавад. Низоми ҳуқуқии Ватикан ҳанӯз дар аҳди қадим ташаккул ёфта, мутобиқи он Папа салоҳияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро дар ихтиёр дорад.