Дипломат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Диплома́т (аз юн.-қад. δίπλωμα) — дар ҳуқуқи байналмилалӣ шахсони расмӣ, ки муаррифгари манофеи давлат, ё масъулони ташкилотҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дипломат дар қонунгузории Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дипломат (корманди дипломатӣ) — шахсоне мебошанд, ки дар мақомоти хидмати дипломатӣ соҳиби мансабҳои дипломатӣ мебошанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хидмати дипломатӣ» (2002) дар Боби 3.Кадрҳои хидмати дипломатӣ. Моддаи 10. чунин навишта шудааст:

Кормандони хидмати дипломатӣ ва вазифаҳои дипломатӣ:

  1. Кормандони хидмати дипломатӣ (кормандони дипломатӣ) шахсоне мебошанд, ки дар мақомоти хидмати дипломатӣ соҳиби мансабҳои дипломатӣ мебошанд.Шахсоне, ки хидматрасонии техникиро иҷро мекунанд ва фаъолияти хидмати дипломатиро таъмин мекунанд, ба кормандони хидмати дипломатӣ тааллуқ надоранд.
  2. Номгӯи мансабҳо ва теъдоди кормандони мақомоти хидмати дипломатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  3. Барои кормандони хидмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, мансабҳои зерин муқаррар карда мешавад:

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №6, мод.428; соли 2008, №6, мод. 448

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://www.migration.tj/index.php/tj/joomla-2/2013-08-22-09-07-59 Бойгонӣ шудааст 7 ноябри 2016  сол. Қонуни ҶТ Дар бораи хидмати дипломатӣТоҷикистон. Б.3. Мод. 10. Кормандони хидмати дипломатӣ ва вазифаҳои дипломатӣ