Дмитрий Менделеев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Дмитрий Менделеев
DIMendeleevCab.jpg
Санаи таваллуд:

15 (27) январ 1834

Зодгоҳ:

Тоболск[1]

Санаи марг:

7 (20) январ 1907 (72 сол)

Маҳалли марг:

Санкт-Петербург[1]

Мамлакат:

Империяи Русия[d]

Фазои илмӣ:

кимиё, Физика, иқтисод, Геология ва metrology[d]

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург[d], Richelieu Lyceum[d] ва Saint Petersburg State Institute of Technology[d]

Дараҷаи илмӣ:

профессор ва профессор

Алма-матер:

Main Pedagogical Institute[d]

Роҳбари илмӣ:

Alexander Abramowitsch Woskressenski[d]

Шогирдони маъруф:

Dmitri Konovàlov[d], Q15065297?, Alexander Baykov[d], Q15081712? ва Sergei Prokudin-Gorskii[d]

Мукофоту ҷоизаҳо:

Knight of the Order of St. Alexander Nevsky[d], Copley Medal[d], Faraday Lectureship Prize[d], Demidov Prize[d], Order of Saint Anna, 1st class[d], Order of Saint Anna, 2nd class[d], Order of the White Eagle[d], Order of Saint Stanislaus, 1st class[d], Order of St. Vladimir, 2nd class[d], Order of St. Vladimir, 1st class[d], Knight of the Legion of Honour[d], Order of St. Alexander Nevsky[d] ва Order of St. Vladimir, 1st class[d]

Имзо:

Имзо

Dmitri Mendeleev

Дмитрий Менделеев (русӣ: Дми́трий Ива́нович Менделе́ев; 8 феврал (27 январ1834, Тоболск2 феврал (20 январ1907, Санкт-Петербург) — олим-энсиклопедисти рус: химик, физикохимик, физик, метролог, иқтисоддон, технолог, геолог, метеоролог, нафтшинос, педагог, ҳавонавард. Профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург.

Зиндагинома[вироиш]

Дмитрий Иванович Менделеев яке аз бузургтарин олимони дунё буда, 27 январи(8 феврали) соли 1834 дар шаҳри Тоболск дар оилаи директори гимназияи маҳаллӣ таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди хурди оила(17-умин) ба ҳисоб меравад. Маълумоти ибтидоиро дар гимназияи маҳаллӣ гирифтааст. Пас аз хатми гимназия Д.И. Менделеев ба Институти педагогии Петербург дохил шуд ва онро соли 1857 бо медали тилло хатм намуд. Соли1859 Д.И. Менделеев рисолаи магистери(пешвои)-ро ҳимоя намуда,ба муддати ду сол барои кори илмӣ ба хориҷа фиристода шуд. Пас аз баргаштан ӯ аввал профессори Институти технологии Петербург ва сипас профессори университет интихоб гардид ва ба корҳои илмї ва педагогӣ машғул шуд. Дар вақти ошўбҳои донишҷўён солҳои 90-ум ӯ барои ҳимояи онҳо баромад намуд ва маҷбур шуд, ки университетро тарк кунад. Солҳои охири ҳаёташ Д.И. Менделеев дар Палатаи асосии ченак ва вазн кор кард. Комёбии бузургтарини фаъолияти эҷодии Д.И. Менделеев кашфи Қонуни даври ва бунёди ҷадвали даврии элементҳо буд. Ӯ бо рисолаи доктории худ. Дар бораи пайвастшавии спирт ва об ва ҳамчун ассотсиатсия фаҳмидани маҳлулҳо,шӯҳрати беандозаро соҳиб гардид. Аз тарафи Д.И. Менделеев кашф шудани назарияи ҳидрати то ҳол аҳамияти илми ва амалии худро гум накардааст.

Осор[вироиш]

Асари барҷастаи Д.И. Менделеев "Асосҳои химия" мебошад. Ин китоб дар асоси Қонуни даври тамоми мавзўъҳои химияи ғайриорганикиро фаро мегирад. Назарияро дар амалия татбиқ намуда, Д.И. Менделеев ба масъалаи технологияи нафт бисёр диққат дод. Ӯ пешниҳод намуд, ки истеҳсоли нафтро ҳаматарафа инкишоф дода, бештар ба коркарди химиявии он диққат дода шавад.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Погодин С. А. Менделеев Дмитрий Иванович // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] — 3-е изд. — Москва: Советская энциклопедия, 1974. — Т. 16 : Мёзия — Моршанск. — С. 67—69.

Адабиёт[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]