Додоҷон Пӯлодов
Додоҷон Пӯлодов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 16 ноябр 1924 |
| Таърихи даргузашт | 4 феврал 1987 (62 сол) |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Додоҷон Пӯлодов (16.11.1924, Хуҷанд — 04.02.1987, Душанбе) — географ, номзади илмҳои география (1969), дотсент (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1945 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст. Аз соли 1970 ба донишкадаи омӯзгории пойтахт ба кор омада, солҳои 1971—1981 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими география ва биологияро ба уҳда дошт. Солҳои 1982—1987 декани факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Дар давоми фаъолияти кориаш дар донишкадаи омӯзгорӣ дар тарбияи садҳо нафар мутахассисон барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Муаллифи китоби дарсии «Географияи ҶШС Тоҷикистон» барои синфҳои 8-ум буд. Барои хидматҳояш бо якчанд медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]| Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 16 ноябр
- Зодагони соли 1924
- Даргузаштагони 4 феврал
- Даргузаштагони соли 1987
- Номзадҳои илм
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ