Доимоамалкунанда
Зоҳир
Доимоамалкунанда — ин калима аз нигоҳи ҳуқуқӣ усули таҷзияи ҳокимиятро дар сохтори давлатӣ (моддаи 9) муқаррар намуд. Дар асоси он яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ - Маҷлиси Олӣ дупалатагӣ буда, яке аз палатаи он - Маҷлиси намояндагон, ки бевосита аз тарафи халқ ва ҳизбҳои сиёсӣ интихоб мешавад, палатаи доимоамалкунанда (касбӣ) эътироф шуда, ба зиммаи он таълиф ва қабули қонунҳо гузошта шудааст. Ғайр аз ин, сохторҳои дохилии Маҷлиси Олии ҶТ (Шӯроҳои ҳар ду маҷлис, кумитаю комиссияҳои онҳо), мақомоти доимоамалкунанда ба шумор мераванд. Инчунин мақомоти дохилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ (комиссияҳои доими, сохторҳои дохилин ҳукумат), доимоамалкунанда буда, ташкил ва иҷрои қарорҳои онҳоро таъмин менамоянд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 158