Jump to content

Доираи салоҳияти мақомоти давлатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Доираи салоҳияти мақомоти давлатӣ — вобаста ба сохти нави ҷамъиятӣ доираи салоҳияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, тағӣир ёфтанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои нав қабулшуда ба салоҳияти мақомоти намояндагӣ масъалаҳоеро пешбинӣ менамоянд, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо ба нн мақомот тааллуқ доранд.

Масалан, доираи салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ буда, масъалаҳои зиёде пешбинӣ карда шудааст, ки онҳоро шартан ба соҳаҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. қонунгузорй;
  2. таъйини интихоботи Президент ва раъйиурсӣ, ташкилн мақомоти давлатӣ, интихоб ва бозхонди роҳбарони як қатор мақомоти давлатӣ, тасдиқи фармонҳои Президент оид ба таъйин ва озод намудани роҳбарони мақомоти нҷроия ва ҳифзи ҳуқуқ;
  3. муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, алоқаҳои беруна, таъсису барҳам додани воҳидҳои марзию маъмурӣ;
  4. тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рнзоият 6а додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. дигар масъалаҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо пешбинӣ намудаанд.

Ҳамин тавр, доираи салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ дар қонунҳо муқаррар шудаанд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 141