Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, порлумон.

Ҳайат[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии умумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати узви [Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Тартиби ташаккул[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташаккули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оварда шудааст. Маҷлиси намояндагон тариқи интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад; доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад (ҳамагӣ — 63 вакили Маҷлиси намояндагон). Шаҳрванде, ки сини ӯ аз 30 боло аст ва дорои таҳсилоти олӣ мебошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.

Аз чор се ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд (ҷамъ — 25 вакил). Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро — 8 вакилро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ҳайати Маҷлиси миллӣ — 33 узви маҷлисро дарбар мегирад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Шаҳрванде, ки сини ӯ аз 30 боло аст ва дорои таҳсилоти олӣ мебошад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъйин шавад. [1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]