Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Долма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Долма

Долма, Дӯлма (форсӣ: دلمه‎) (Dolma), ё барги ток яке аз хӯрокҳои шарқӣ аст. Дар Тоҷикистон бо номи Дӯлма, Дулма маъмул аст.

Дӯлма яке аз ғизоҳои маъмули тоҷикӣ мебошад. Дӯлмаро бо қаламфури булғорӣ ва ё баргҳои карам таҳия мекунанд. Даруни қаламфури булғориро тоза карда, аз гӯшту пиёзи реза ва биринҷи таршуда, омехтае тайёр карда, ба даруни он мегузоранд. Сипас қаламфурҳоро дар шӯрбои муқаррарӣ меандозанд. Дар дӯлмаи карамӣ омехтаи гӯшту биринҷро ба варақи карам, ки қаблан дар об ҷӯшонида шудааст, мепечонанд ва ба деги шӯрбо меандозанд. Дар саросари кишвар роиҷ аст.[1]

Анвоъи долма (дӯлма) шомили:

Долма (дӯлма) бештар дар Русия, Эрон ва кулли Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ ривоҷ дорад. Долмаро метавон бо барги ангур, помидор, бодинҷон дуруст кард.

Дулма // Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. Д., 1988, с. 120.

  1. Феҳристи миллии фарҳанги ғайримоддӣ /National list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 157