Jump to content

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

(ДТМИК)
Соли бозтаъсис 13 марти 2015
ректор Шоҳиён Алмосшо Набот
Донишҷӯён 1721
Нишонии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб – 735140, маҳаллаи Борбад
Сайт dtmik.tj

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб — собиқ филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Моҳи марти соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб мақоми Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро касб намуд.[1]

Маълумоти мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2003 дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии омӯзгорӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки дар Донишкада системаи идоракунии раванди таълим автоматони карда шудааст.

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб муддати 12 сол фаъолият дошта, имрӯз (2015) дар ин муассиса 1721 нафар ва ҳамчунин дар даҳҳо мактабҳои олии Русия боз 1200 нафар донишҷӯёни филиал таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни Кӯлоб, ки дар Донишгоҳи технологии Воронеж ва Академияи кишоварзии ин шаҳр таҳсил мекунанд[1]

Иқтисодиёти рақами ва зеҳни сунъӣ

Номгӯи ихтисосҳо
1-250103 - Иқтисодиёти ҷаҳон
1-250104 - Молия ва қарз
1-25010410 - Менеҷменти молиявӣ
1-25010805 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат
1-400101 - Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ
1-40010202 - Низом ва технологияҳои иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)
1-400301 - Зеҳни сунъӣ
1-890101 - Сайёҳат ва меҳмондорӣ
1-98010101 - Амнияти компютерӣ (усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ)

Муштараки тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос»

Номгӯи ихтисосҳо
1-210601 - Забонҳои муосири хориҷӣ
1-26010109 - Идораи лоиҳаи инвеститсионӣ
1-260102 - Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ
1-26020203 - Менеҷменти инноватсионӣ
1-3101010121 - Биохимияи тиббӣ
1-31050103 - Химия (фаъолияти дорусозӣ)
1-360101 - Технологияи мошинсозӣ
1-48010101 - Технологияҳои нурҳои минералӣ, намакҳо ва ишқорҳо
1-480104 - Технологияи саноати электрохимиявӣ
1-48020102 - Технологияи таркиби доруворӣ, витаминҳо ва ферментҳо
1-50020102 - Технологияи маҳсулоти чарчинвории чармӣ
1-54010105 - Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хурокворӣ)

Муҳандисӣ - технологӣ

Номгӯи ихтисосҳо
1-19010105 - Дизайн (костюм ва газвор)
1-1901010501 - Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ
1-49010202 - Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ
1-500101 - Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бе тору пуд
1-500102 - Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ
1-530101 - Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз руйи самтҳо)
1-740206 - Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

Муҳандисӣ-энергетикӣ

Номгӯи ихтисосҳо
1-020502 - Физика
1-1901010202 - Дизайни дохили бино
1-400102 - Технология ва низоми иттилоотӣ (дар энергетика)
1-44010303 - Ташкил ва бехатарии ҳаракат дар роҳ
1-48010107 - Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак
1-52020101 - Технология ва таҷҳизоти маҳсулоти заргарӣ
1-560101 - Заминсозӣ
1-69010106 - Меъмории манзаравӣ
1-70020101 - Технология ва ташкили саноати сохтмонӣ
1-740605 - Таъмини энергетикии кишоварзӣ (аз рӯи самтҳо)

Ректор — доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот - номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қурбонзода Бобохон Давлат

Муовини ректор оид ба илм ва татбиқот - номзади илмҳои таърих (аз рӯи самти физика), дотсент Исоев Собир Қурбоналиевич

Муовини ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ - номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҳакимов Искандар Бозорович

Муовини директор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Холматова Мумина Маҳмадовна