Jump to content

Драмаи халқии тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Драмаи халқии тоҷик — яке аз унсурҳои гуногуни ҳунар мебошад, ки қисматест дар фарҳанги ғайримоддии тоҷикон.

Тавсифи мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Драмаи халқии тоҷик решаҳои қадимтарин дар умқи асрҳову ҳазорсолаҳо дошта, ба асотир, тасаввуроти анимистию тотемистии ниёгон иртибот дорад. Унсурҳои театри халқиро бостоншиносон дар нақшҳои сангу деворҳо, ғорҳо, сафолпораҳо ва дар шаклҳои ҳайкалчаҳову ниқобҳо дарёфт кардаанд. Саҳнаҳои театри халқиро инчунин дар тасвирҳои миниатюрӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Театри суннатии халқи тоҷик ба мисли пиесаҳои аврупоӣ муаллиф надоштанд. Таҳиягарон ва иҷрокунандагони нақшҳои драмаи халқӣ, асосан, ҳамон масхарабозон ва ширинкороне буданд, ки дар байни мардум шуҳрат ёфта, эҳтиёҷоти аҳли хонаводаи худро аз рӯйи ҳамин пеша таъмин менамуданд. Драмаи халқии тоҷикӣ бунёди фолклорӣ дошта, бо усули импровизатсия ё бадоҳатан сухан гуфтан иҷро мешуд. Намоишҳои театри халқӣ, асосан, дар заминаи эҷодиёти даҳанакии халқ, урфу одат, касбу ҳунар, машғулият, иду маросимҳо ва бозиҳои мардумӣ ба вуҷуд омадаанд.

Театри суннатии тоҷикон дар шаклҳои гуногуни иҷроӣ: рақсҳои тақлидӣ, пантомимаҳо дар образҳои ҷонварону махлуқот, масхарабозӣ, намоишҳои бадеии саҳнавӣ, сирки халқӣ, зочабозӣ, бозиҳои сужетдор, шуъбадабозӣ, корвони шодӣ (карнавал) ва дигар ҳунарҳои халқӣ таҷассум ёфтааст.

Драмаҳои халқӣ, маъмулан, унсурҳои гуногуни санъату ҳунарро дар бар гирифта, аз ҳунарманд маҳорату истеъдоди махсус ба монанди раққосӣ, овозхонӣ, актёрӣ, ширинкорӣ, зарофатгӯӣ, хушзабонӣ ва чусту чолокиро талаб мекард. Драмаи халқии анъанавӣ аз пиесаҳои анъанавӣ ва ё асарҳои намоишӣ иборат буданд, ки зери осмони кушод, дар маҳфилу маъракаҳо, ҷашнҳои баҳору тирамоҳӣ, бозору кӯчаҳои марказӣ, боғҳо ва ғайра барои оммаи мардум иҷро мешуданд. Асарҳои саҳнавӣ на танҳо аз рӯи сенарияи муайян иҷро мегаштанд, балки ҳангоми нақш бозидан аз тарафи санъаткорони халқӣ бадоҳатан бо ҳаракатҳои дасту по, мимика, ишоратҳои чашму абрӯ, даҳон, тақлиду тағйири садо ва ҳолату рафтор лаҳзаҳои ҷолиби тамошо ва хандаовар офарида мешуданд. Хислатҳои қаҳрамонони драмаҳо, чун дар афсонаҳои халқӣ типикӣ, анъанавӣ ва устувор буданд: қозӣ — порахӯр ва ноодил, раис — танпарвар, нопок, ҳаромкор, бой — муфтхӯр, баднафс, хасис, фиребгар, мулло — дурӯя, ҳарис, тарсончак, баъзан аҳмақ, намояндагони табақаҳои кории ҷамъият: деҳқонон, косибон, меъморон ва монанди инҳо меҳнатӣ, софдил, ҷафокаш ва мазлум тасвир мешуданд. Тазоди хислатҳо муборизаи шадиди синфиро дар ҷамъияти феодалӣ ифода мекард. Сифату хислатҳои образҳои мазкур дар драмаҳои «Арзанкорӣ», «Булбулбозӣ», «Қаландарбозӣ», «Карбосбофӣ», «Ғуломшоҳ», «Девонабозӣ», «Духтари эшон», «Дуконбофӣ», «Мактаббозӣ», «Сӯзанфурӯш», «Сартарошбозӣ» ва амсоли инҳо ба таври ҳаҷвию интиқодӣ таҷассум ёфтаанд. Чунончи, намоиши «Карбосбофӣ» мазмуни танқиди иҷтимоӣ дошта, дар он бофандаҳое, ки мардуми авомро фиреб дода, ҳаққи беваю бечора ва кампирҳои нотавонро аз худ мекунанд, танқиду мазаммат шудаанд. Саҳначаҳои драмавии мардумӣ дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаётӣ, касбу кор, муносибатҳои ҳаррӯзаи одамон эҷод шуда, ноадолатиҳои замона, хислатҳои зишти намояндаҳои табақаҳои мухталифро ошкор менамуданд ва барои беҳбуди вазъият ва ислоҳи камбудиҳо таъсири муайяне доштанд. Масхарабозҳо бо иҷрои нақшҳои хандаовару шавқангези худ мардуми одиро аз мушкилоти рӯзгор, ғаму ғуссаи зиндагӣ, хастагиҳои кори ҳамарӯза, соате бошад ҳам, фориғ мекарданд, хулқу хисоли зиштро масхара намуда, адлу инсоф ва аъмоли некро тарғиб менамуданд. Драмаҳои халқӣ дар қатори дигар жанрҳои фолклор, ба монанди сурудҳои ҳаҷвӣ, латифа ва афсонаҳои маишӣ мақсаду орзуи халқи заҳматкаш, мардумпарварӣ, ахлоқи неки онҳоро ба хубӣ инъикос намуда, муборизаи мардумро бар зидди ноадолатиҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ифода мекунанд. Театрҳои халқӣ то миёнаҳои садаи XX маъмул буданд ва баъдан бо ривоҷ ёфтани театри замонавии касбӣ, ба вуҷуд омадани намудҳои дигари санъат (кино, сирк, театри лӯхтак) ва воситаҳои пахши асарҳои бадеию ҳунарӣ, аз ҷумла телевизион ва радио, театри суннатии мардумӣ рӯ ба инқироз овард. Ҳоло аз унсурҳои театри халқӣ лаҳзаҳои ҷудогонаи бадеӣ камубеш дар ҷашни арӯсӣ ва нишастҳои мардумони кӯҳистон боқӣ мондаанд.[1]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 58-59. — 280 с.