Тоҷикон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тоҷикон
تاجيک
Таджики
塔吉克人
Кулли ҷамъият

тақр. 22–35 млн (тахминҳои гуногун)

Минтақаҳо бо ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ
 Афғонистон

9,801,000–14,000,000 (2018)
27–39%[1][2]

 Тоҷикистон

7,550,000 (2018)[3][4]

 Ӯзбакистон
    

1,420,000 (2012, official)
other, non-official, scholarly estimates are 8 – 11 million[5][6][7]

 Pakistan

1,220,000[8]

 Эрон

500,000[9]

 Русия

201,000[10]

 Олмон

100,000[11]

 United States

54,869[12]

 Қирғизистон

52,000[13]

 Хитой

51,069[14];

 Подшоҳии Муттаҳида

40 000[15]

 Қазоқистон

31 000[16]

 Шветсия

26 000[17]

 Канада

15,870[18]

 Туркманистон

5,300[19]

 Белгия

5,000[20]

 Итолиё

4,800[21]

 Украина

4,255[22]

Забонҳо

тоҷикӣ (порсӣ ва дарӣ)

Дин

Ислом


Бонуи тоҷик, Hammasa Kohistani - Міss Британия - 2005

Тоҷикон — миллат, аҳолии асосии Афғонистон - зиёда аз 10 то 14 млн., Тоҷикистон -7.5 млн., Ӯзбакистон - аз 1,7 то 11 млн., тақрибан 35 млн. нафар.

Таърихи пайдоиш

Аз рӯи нуқтаи назари олимони Ғарб, мардуми тоҷик, ягона миллатест, ки насли аслии халқҳои бостонии эрониёни шарқӣ буда, суғдиён, хоразмиён, бохтариён ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ (туронӣ), ки вуҷуди худро аз ҳазораи якуми пеш аз милод дар таърихи Осиёи Миёна пай намудаанд, дарбар мегиранд[23].

Забони бостонии тоҷикон, якчанд шева дошт ва шеваҳои асосиаш суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд ва ба ҳамдигар хеши дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешуд. Дар вақти пойдор гардидани дини ислом ва паҳн шудани забони форсӣ, ки бо муҷоҳидони форс омада буд, ин шеваҳо аз байн мераванд ва забони тоҷикии ҳозира ба мисли забони мардуми форс ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад[24].

То ҳол, забони яғнобӣ (йағнобӣ зивок) вуҷуд дорад, ки яке аз шеваҳои суғдӣ ба шумор меравад ва бисёр калимаҳои суғдӣ дар водии Зарафшон вақти суханронӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, забонҳои бостонии сакоиҳо дар мардуми Бадахшон эҳтиёт шудааст, ки забонҳои шуғнонӣ, рушонӣ, ишкошимиро дарбар мегирад.

Авалин бор номи тоҷик ҳамчун "тожик", олим Маҳмуди Қошғарӣ ки ҳамасри Ибни Сино буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънодод кард. Дар ашъори шоирони порсигуй ҳам, калимаи тоҷик бисёр вомехурад. Бузургвор Саъди Шерозӣ дар яке аз шеърҳояш чунин мегуяд:

شاید که به پادشه بگویند
ترک تو بریخت خون تاجیک

Шояд ки ба подшоҳ бигуянд:
«Турки ту бирехт хуни тоҷик».

Дигар бузургвор Абдураҳмони Ҷомӣ, дар бораи дӯстии худ бо шоир Алишер Навоӣ чунин навистааст:

او که یک ترک بود و من تاجیک،
هردو داشتیم خویشی نزدیک.

'У ки як турк буд ва ман тоҷик
Ҳарду доштим хуши наздик


Лафзи тоҷик ё "тоҷак" ё "тожик" лафзест қадимӣ, ки ба мардуми ориёӣ ё Эрони кӯҳан ва ё Хуросони бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Н. Ханков мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷикӣ — дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки Зардушт тоҷро монанди салиби муслимин ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи "тоҷ", ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси тоҷик ( "тожик", "тоҷи", "тоҷик")-ро чунин фушурда месозад:

«Тоҷикон асри ҳозир мардуме ҳастанд, ки бо хушсимоӣ маъруфанд қиёфаи ҷиддӣ абрувони мушаххоси мушкӣ ва чашмони ғизолӣ доранд. Тоҷикон дар воқеъ мардуми машҳуранд, ки на танҳо дар сар то сари Машриқзамин, балки дар тамоми олам сукунат доранд ва то кӯҳҳои Тибет пахш шудаанд.»

Бояд ёдовар шуд, ки калимаи тоҷикро чун афроди "асилзода", "асилзодагон" гӯянд.

Садриддин Айнӣ маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» бармеояд.

Дурустии ин сӯханро нависанда ва олими эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии «ТОҶИК» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:

Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рузгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале забони тоҷикиро гум накардаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.

Мавқеъи зист

Манотиқӣ Тоҷикнишинӣ Ӯзбакистон
Мавқеъи зисти тоҷикон дар Осиёи Миёна (тақрибан)

Аксарияти тоҷикон дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Мавқеъи асосии ҷои зист аз шарқ ва шарқу-шимолии давлати ҳозираи Эрон, дар шимоли давлати Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгиранд. Заминҳои расмии мардуми тоҷик, водии Фарғона, Чач (Тошканд), водии Зарафшон (аз Мастчоҳ сар карда то Самарқанду Бухоро), заминҳои хати резишгоҳи болооби Амударё (дарёи Панҷ), Мурғоб ва Кобул, ва гирду атрофи ҳавзаҳои дарёҳои Ҳилмонду Арғандоб, (Афғонистон) аст.

Тоҷикон дар Тоҷикистон

Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тоҷикон сукунат доранд. Дар минтақаҳои Зарафшон ва Рашт омехташавӣ бо дигар миллатҳо кам дида мешавад. Дар минтақаи кӯҳии Кӯлоб ҳам омехташави тоҷикон ноаён аст.[Ниёзманди манбаъ]

Тоҷикон дар Афғонистон

Ҳамаи форсизабонони Афғонистон ба лафзи тоҷикӣ ҳарф мезананд. Вилояти Ҳирот дар тасарруфи тоҷикони ориёӣ аст.

Тоҷикон дар Узбакистон

Тоҷикони Ӯзбакистон то ҳоло симои тоҷикии худро ҳимоя кардаанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Термез ва ҳатто шаҳри Тошканд тоҷикон аксари кулли мардуми ин шаҳрҳоро ташкил медиҳанд. tojikon dar uzbakiston asosan ba kuhistonho zindagi mekunan. Va ba shahrhoi bostoni Samarqandu Buxoro onho aksari aholiro tashkil medihan.

Тоҷикон дар Эрон

Дар Эрон ду гурӯҳи бузургнажоде вуҷуд дорад, яке тоҷикони навъи қадим, ки соли 640 ба Ҳиндустон рафтанд ва дигаре эрониёнанд. Тоҷикони даштӣ моҳрутар ва сафедтар аз тоҷикони куҳистонӣ ҳастанд. Тоҷиконе, ки дар марзи Шарқии Эрон, Хуросон ва Форс зиндагӣ доранд, ба лафзу симои тоҷикон дохиланд.

Тоҷикон дар Покистон

Тоҷикон дар Русия

Тоҷикон дар Русия зиёда аз 350000 нафарро (баҳои 2012) ташкил мекунанд, ки шаҳрванди ду давлат ба ҳисоб мераванд (Русия ва Тоҷикистон). Аксарияти онҳо бо сохтумон ва тиҷорат машғул ҳастанд (ба ғайр аз мардикорон).

Ташаккул ва инкишофи биологии тоҷикон (нажод)

Олимони ҷаҳон, шакли инкишофёбии биологии мардуми тоҷикро ба гурӯҳҳои Помиру-Фарғонагӣ[25] ва Баҳри Миёназамин, ки дар дохили нажоди Аврупоӣ дохил мешаванд, ҷой кардаанд.

Дар донишномаи Брокгауз ва Эфрон, ки дар асри XIX ба нашр омадааст, дар бораи шакли зоҳирии тоҷикони кӯҳистон, чунин нависта шудааст:


«Тоҷикони кӯҳистон, бисёр қашоқ ҳастанд валек аз ҷиҳати шакли зоҳири, шакли халқҳои бостонии эрониёнро эҳтиёт карданд. Бисёри онҳо қади миёна ё ин ки баланд, рӯи зебои байзавӣ, чашмони кушоди рангаш қаҳвагӣ ва кабуд, бинии рости зебо баъзе вақт уқобшакл, пешонии васеъ, мӯйҳои сиёҳ, қаҳваранг ва малла доранд.[26]»


Горянка.JPG Женщина за столом.JPG Tajik Pamiri children.jpg
Духтарчаи тоҷики Зарафшонӣ аз деҳаи Дар-Дар Духтарчаҳои тоҷик бо либоси миллӣ Хатлон Бонуи тоҷик аз шаҳри Хуҷанд Кудакони Бадахшон

Нигаред

Эзоҳ

  1. Tajik, Afghan in Afghanistan.
  2. "Afghanistan in 2004 – A survey of the Afghan people" (PDF). Kabul, Afghanistan: The Asia Foundation. 2004. Retrieved 2012-11-28. The 2004 survey interviewed 804 Afghans, Which ethnic group do you belong to? Pashtun 46%, Tajik 39%, Uzbek 6%, Hazara 6%, Turkmen 1%, Baloch 0%, Nuristani 1%, Aimak 0%, Arab 1%, Pashaye 0%, Other 1%.
  3. В Душанбе родился девятимиллионный житель Таджикистана
  4. Численность и национальный состав населения доля таджиков в населения Таджикистан, 2010 году - 84,3%.
  5. Richard Foltz (1996). «The Tajiks of Uzbekistan». Central Asian Survey 15 (2): 213–216. Шаблон:DOI.
  6. Karl Cordell, "Ethnicity and Democratisation in the New Europe", Routledge, 1998. p. 201: "Consequently, the number of citizens who regard themselves as Tajiks is difficult to determine. Tajikis within and outside of the republic, Samarkand State University (SamGU) academic and international commentators suggest that there may be between six and seven million Tajiks in Uzbekistan, constituting 30% of the republic's 22 million population, rather than the official figure of 4.7%(Foltz 1996;213; Carlisle 1995:88).
  7. Lena Jonson (1976) "Tajikistan in the New Central Asia", I.B.Tauris, p. 108: "According to official Uzbek statistics there are slightly over 1 million Tajiks in Uzbekistan or about 3% of the population. The unofficial figure is over 6 million Tajiks. They are concentrated in the Sukhandarya, Samarqand and Bukhara regions."
  8. There are 1,000,000 Tajiks Persian-speaking native to Pakistan and 220,000 Tajik war-refugees from Afghanistan remain in Pakistan. Ethnologue.com's entry for Languages of Pakistan. Census of Afghans in Pakistan.
  9. http://www.unhcr.org/news/NEWS/452b78394.html
  10. Russian 2010 Census results; see also Ethnic groups in Russia
  11. GTZ: Migration and development – Afghans in Germany: estimate for Tajiks based on total of 100,000 Afghans in Germany.
  12. This figure only includes Tajiks from Afghanistan. The population of people from Afghanistan the United States is estimated as 80,414 (2005). United States Census Bureau. US demographic census. 23 январи 2008 санҷида шуд. Of this number, approximately 65% are Tajiks according to a group of American researchers (Barbara Robson, Juliene Lipson, Farid Younos, Mariam Mehdi). Robson, Barbara and Lipson, Juliene (2002) "Chapter 5(B)- The People: The Tajiks and Other Dari-Speaking Groups" The Afghans – their history and culture Cultural Orientation Resource Center, Center for Applied Linguistics, Washington, D.C., OCLC 56081073.
  13. Шаблон:Citeweb
  14. Chinese Nationalities and Their Populations (2010)
  15. Tajik in United Kingdom. Joshuaproject.net.
  16. Tajik in Kazakhstan. Joshuaproject.net.
  17. Tajik in Sweden. Joshuaproject.net.
  18. This figure only includes Tajiks from Afghanistan. The population of people with descent from Afghanistan in Canada is 48,090 according to Canada's 2006 Census. Tajiks make up an estimated 27% of the population of Afghanistan. The Tajik population in Canada is estimated from these two figures. Ethnic origins, 2006 counts, for Canada.
  19. Tajik in Turkmenistan.
  20. Tajik in Belgium. Joshuaproject.net.
  21. Tajik, Afghan in Italy.
  22. State statistics committee of Ukraine – National composition of population, 2001 census (Ukrainian)
  23. http://global.britannica.com/EBchecked/topic/581047/Tajikistan/214553/History#ref=ref599015 ENCYCLOPEDIA BRITANNICA(англ.)]
  24. (англ.)
  25. Народы мира. Историко-этнографический справочник. Главный редактор Ю.В. Бромлей. М. Советская энциклопедия. 1988 (рус.)
  26. Тоҷикони кӯҳистон/ Доиратулмаорифи Брокгауз ва Ефрон(рус.)

Адабиёт

  • Таърихи мухтасари халқи тоҷик. - Сталинобод, 1947;
  • История таджикского народа в кратком изложении, т. 1. С древнейших времён до Великой Октябрской социалистической революции 1917 г. - М., 1949, 1952, 1955;
  • Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. - М., 1972. - 866 с.;
  • Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. - Душанбе, 1973; Китоби 2, Д., 1985;
  • Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Д., 1998. - 870 с.;
  • Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Д., 2008.- 870 с.
  • Хабибулло Холджураев, Гафурджон Зоиров, Курбонджон Алиджанова. Из истории создания книги «Таджики» - Худжанд, 2010. - 209 с.

Пайвандҳо