Дуайен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дуайе́н (фр. doyen — сардор, калонсол) — сардори ҳайати дипломатӣ, намояндаи дипломатие, ки аз рӯйи рутба ва муҳлати хизматаш дар кишвари мушаххас собиқаи аз ҳама бештар дорад.

Дар аксари кишварҳое, ки мазҳаби католикӣ ҳукмрон аст, дуайени ҳайати дипломатӣ намояндаи хоси Папаи Рим ва дар аксари кишварҳои Африқо сафари метрополияи собиқ маҳсуб меёбад. Ба сифати дуайен фақат намояндаи ҳайати олии дипломатӣ — сафир ва ё намояндаи Папаи Рим (нунтсий) баромад кунад. Дар як қатор кишварҳо тартиби хоси интихоби дуайен вуҷуд дорад: мас., дар Того фақат сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва дар Буркина Фасо сафири яке аз кишварҳои африқоӣ новобаста аз мӯҳлати хизмати дипломатиаш вазифаи дуайен иҷро мекунад. Вазифаи дуайен аз шарқи анъанаҳои хоси дипломатии кишвари фаъолияткунанда иборат буда, муҳлати хизмати дипломатӣ аз таърихи супурдани ваколатнома ба сардори давлат ҳисоб карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 158</ref>