Духтури халқии ИҶШС
Зоҳир
Таърихи таъсис | 1977 |
---|---|
Кишвар | |
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо | Q7866276? |
Духтури халқии ИҶШС (русӣ: Народный врач СССР) — унвони фахрӣ, ки аз 25 октябри 1977 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС таъсис додааст.
Ба ашхоси сазовор Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва нишони сарисинагӣ супурда мешуд. Бо унвони Духтури халқии ИҶШС табибони соҳибтаҷрибаи минтақавӣ, амбулаторияҳо, беморхонаю дармонгоҳҳо, таваллудхонаҳо ва ғайра, ки дар пешбурди соҳаи тандурустӣ саҳми назаррас доштанд, қадрдонӣ мешуданд.
Аз Тоҷикистон ба унвони «Духтури халқии ИҶШС» табиби минтақавии беморхонаи № 2 шаҳри Ленинобод Бималика Холматова (1979) сазовор гаштааст.
Унвони мазкур баробари пош хӯрдани ИҶШС дар соли 1991 аз байн рафт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Духтури халқии СССР // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.