Долма
Долма, Дӯлма (форсӣ: دلمه ) (Dolma), ё барги ток яке аз хӯрокҳои шарқӣ аст. Дар Тоҷикистон бо номи Дӯлма, Дулма маъмул аст.
Дӯлма яке аз таомҳои маъмули тоҷикӣ. Дӯлмаро бо қаламфури булғорӣ ва ё баргҳои карам таҳия мекунанд. Даруни қамфури булғориро тоза карда, аз гўшту пиёзи реза ва биринҷи таршуда, омехтае тайёр карда, ба даруни он мегузоранд. Сипас қаламфурҳоро дар шўрбои муқаррарӣ меандозанд. Дар дулмаи карамӣ омехтаи гўшту биринҷро ба варақи карам, ки қаблан дар об ҷўшонида шудааст, мепечонанд ва ба деги шўрбо меандозанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Анвоъи долма (дӯлма) шомили:
- Дӯлмаи барги ток
- Дӯлмаи бодинҷон
- Дӯлмаи гуҷа фарангӣ/помидор
- Дӯлмаи себи заминӣ/картошка
- Дӯлмаи каду
- Дӯлмашӯрбо
Долма (дӯлма) бештар дар Русия, Эрон ва кулли Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ ривоҷ дорад. Долмаро метавон бо барги ангур, помидор, бодинҷон дуруст кард.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дулма // Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. Д., 1988, с. 120.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 157
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |