Дӯстии Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯстии Бадахшӣ

Дӯстмуҳаммад Дӯстии Бадахшӣ (форсӣ: دوستیِ بَدَخشی، دوست‌محمد[1]; 1504—1553) — шоири форс-тоҷики бадахшонӣ ва аз шогирдони Қудсии Ҳисорӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дӯстмуҳаммад соли 1504 ба дунё омадааст. Пас аз омӯхтани улуми мадрасаӣ ба сафар баромад. Дар Ҳисор таваққуф намуда, дар шеъру шоирӣ ба Қудсии Ҳисорӣ шогирд шуд. Дар девони ашъораш абёте дар васфи маҳрӯёну ширинлабони Хуросону Ҳиндустон вомехӯрад ва аз онҳо бармеояд, ки шоир дар ин кишварҳо будааст.

Бештари умрашро дар Ҳиндустон гузаронда, сипас ба Бадахшон баргаштааст. Аз баъзе абёташ бармеояд, ки дар 50-солагиаш дар Гуҷарот будааст (дар як қитъа шеър ӯ моддаи таърихи вафоти се ҳукмрони шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустонро дар 1553/54 овардааст). Аз Дӯстии Бадахшӣ девони ашъори шомили 249 ғазал, 53 рубоӣ, 8 қитъа, 2 мухаммас боқӣ мондааст (ин девонро муҳаққиқи афғон Раҳимуллоҳи Раҳнавард дар маҷаллаи «Ориёно», 1340, шумораи 4 тавсиф намудааст).

Ба ғайр аз ин дар тазкираҳову баёзҳо ашъори парокандаи Дӯстии Бадахшӣ вомехӯранд. Дӯстии Бадахшӣ аслан, шоири ғазалсаро будааст. Дар мавзӯъҳои ишқӣ, пандуандарзӣ, ҳасбиҳолӣ ва ғайра шеър сурудааст. Дар рубоӣ ба Умари Хайём тақлид кардааст. Дар иншои моддаи таърих моҳир будааст. Абёти зер намунае аз шеъри ӯст:

Боз дил дар хами гесӯи нигоре бастам,
Боз булбулсифат аз тозабаҳоре мастам.
Муддате ҷону дилам ҳамдами бедардон буд,
Лиллаҳилҳамд, к-аз ин тоифа боре растам.

Аз шеваи зуҳд майпарастӣ беҳтар,
В-аз мартабаи баланд пастӣ беҳтар.
Дар мазҳаби ошиқӣ парастидани бут
Бисёр бувад зи худпарастӣ беҳтар.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]