Jump to content

Дӯсти Девона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯсти Девона

Дӯсти Девона (форсӣ: دوست دیوانه‎; қарни XVI) — хаттот ва мусаввири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо номҳои Дӯстмуҳаммад ва Дӯсти Мусаввир низ маъруф аст. Муаллифи асари «Гулистони ҳунар» Қозӣ Аҳмад Дӯсти Девонаро яке аз шогирдон ва пайравони Камолуддини Беҳзод донистааст. Дӯсти Девона чанд муддат дар дарбор ва коргоҳи ҳунарии Шоҳ Таҳмосби Сафавӣ хидмат карда, дар мусавварсозии асарҳои «Шоҳномаи Таҳмосбӣ», «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва «Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ ширкат дошт. Сипас ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори Ҳумоюншоҳ хидмат кардааст. Аз осори Дӯсти Девона тасвире аз «Абулмаолӣ дар ҳоли таҳрир» ва «Духтари мафтуд ва кирми себ» боқӣ мондааст. Мавлоно Шайх Муҳаммади Сабзворӣ яке аз шогирдони ӯ буд.